Ҳофизи халқии Тоҷикистон

«Ҳофизи халқии Тоҷикистон» — унвони фахрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҷойи унвони фахрии замони шӯравӣ — «Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон» ҷорӣ карда шудааст.

Унвони ифтихории Ҳофизи халқии Тоҷикистон иҷрокунандаи барҷастаи сурудҳои халқӣ ва классикӣ, ки маҳорати баланди овозхонӣ дошта, дар рушди ҳунари Тоҷикистон хидмати сазовор кардааст ва чун қоида мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дорад, сарфароз гардонида мешавад[1].

Эзоҳ вироиш

  1. Моддаи 24. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17.12.2020 № 1732 «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон». mmk.tj. Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 25 августи 2022 санҷида шуд.