Ҳоҷӣ Содиқ (Ҳоҷӣ Содиқов; 25 октябри 1913, Конибодом — 17 декабри 1990, Душанбе) — нависанда, рӯзноманигор ва драматурги маъруфи тоҷик. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—1945). Ходими Хизматнишондодаи Санъати ҶШС Тоҷикистон (1973), Корманди Хизматнишондодаи маданияти ҶШС Тоҷикистон (1979).

Ҳоҷӣ Содиқ
Ҳоҷӣ Содиқов
Таърихи таваллуд: 25 октябр 1913(1913-10-25)
Зодгоҳ: Конибодом
Таърихи даргузашт: 17 декабр 1990(1990-12-17) (77 сол)
Маҳалли даргузашт: Душанбе
Навъи фаъолият: нависанда, рӯзноманигор, намоишноманавис
Ҷоизаҳо: Ордени «Нишони Фахрӣ»

Зиндагинома вироиш

Ҳоҷӣ Содиқ 25 октябри соли 1913 дар хонаводаи косиб дар Конибодом ба дунё омадааст. Донишгоҳи педагогии шаҳри Ленинобод, ба номи С. И. Кировро хатм кардааст (1956). Аз соли 1941 то 1943 дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ зидди фашистони немис ҷангида, соли 1943 дар муҳорибаи Сталинград сахт маҷрӯҳ шудааст. Солҳои 1943—1945 муҳаррири газетаи «Стахановчӣ», солҳои 1945—1946 котиби Комиҷроияи вилояти Ленинобод, солҳои 1946-1964, ҷонишини муҳаррир ва муҳаррири рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод», солҳои 1964—1980 сармуҳаррири рузномаи «Совет Тожикистонӣ», аз соли 1980 дар нафақа буд.

Ҳоҷӣ Содиқ аз соли 1956 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Вакили шӯрои олии ҶШС Тоҷикистон (даъватҳои 7, 8, 9) буд.

Эҷодиёт вироиш

Очерку ҳикояҳо вироиш

Ҳоҷӣ Содиқ муаллифи очеркҳо, фелйетонҳо, ҳикояҳо ва драмаҳои ҳаҷвӣ, асарҳо барои бачагон мебошад. Беҳтарин очеркҳои ӯ дар маҷмӯаҳои «Қаҳрамони шайдонӣ» (1951), «Аз Мастчоҳ ба Мастчоҳ» (1951), «Аскари ношинос» (1966) ва ғ. гирд оварда шуданд. Нависанда дар очеркҳояш диловариҳои ҷангию кории одамони ҷумҳуриро инъикос намудааст. Дар ҳикояҳо (маҷмӯаҳои «Яъне ки масалан», 1963, «Шафқат кунед дӯстон», 1971; «Додамро ба ки гӯям?», 1973, «Қиссаи бузи бериш», 1978; «Моҳияти масъала», 1970 ва драмаҳои ӯ «Духтари суфӣ» (1937; «Ҷони нодон дар азоб»,1956; «Бемории ногаҳонӣ», (1960), «Интихоби домод» (1962), «Қумрӣ», (1968)"Дили озурда", 1970, «Эшони риш», 1974 ва ғайра хислатҳои бади барои ҷамъияти мо зарароварро фош кардааст. Ба қалами Ҳоҷӣ Содиқ асари ёддоштҳои «Қадамҳои нахустин» ва романҳои «Гардиш» (1986), «Камолот», «Чоҳкан зери чоҳ» (1986), «Каждуми зери бурё» (2003), «Тӯй болои тӯй» (2015) тааллуқ доранд.

Асарҳои телевизионӣ вироиш

Ҳоҷӣ Содиқ асарҳои телевизионии бисёр низ менавишт. Пйесаҳои телевизионии ӯ, ки характери тарбиявӣ ва хаҷвӣ доштанд, дар байни мардум хеле хуб пазируфта шудаанд. Масалан, яке аз пйесаҳои хаҷвиявии эшон «Эҷодкор», ки дар он каҳрамонони асосиро Убайдулло Раҷабов ва Раҷабгул Қосимова бозидаанд, то ҳол дар телевизионҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ бинобар замонавӣ буданашон намоиш дода мешаванд. Пйесаи «Интихоби домод» бошад, ки роли асосиро ҳунарпешаи бомаҳорат ва хеле дар байни мардум маъмулу маҳбуб Бурҳон Раҷабов бозидааст, ҳамеша дар театри ба номи Лохутӣ бо аншлаг (бидуни ягон ҷои холй) мегузашт. Ин намоиш дар театр ва дар сафарҳои хориҷии он то 2000 маротиба намоиш дода шуда буд.

Тарҷумонӣ вироиш

Ҳоҷӣ Содиқ дар тарҷумонӣ низ маҳорати калон дошт. ӯ асари бисёр нависандагони ӯзбекро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. Аз ҷумла ӯ асари нависандаи ӯзбек Саид Ахмад «Исёни арӯсон» ва «Исёни арӯсон −2»-ро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст ва ба қавли худи Саид Аҳмад тарҷумаи асарҳо аз аслиаш хеле беҳтар баромадаанд. «Исёни арӯсон» дар дили тамошобинон хуб ҷой гирифта, дар театри мусиқию мазҳакавии ба номи К.Ҳуҷандӣ солҳои сол дар репертуари театр яке аз спекталҳои асосӣ маҳсуб меёфт ва дар байни омма хеле маъмул гаштааст.

Ордену ҷоизаҳо вироиш

Бо ордени Ҷанги Бузурги Ватанӣ (дараҷаи 1 ва 2), чор ордени «Нишони фахрӣ», медалҳо ва Ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон ва ҷун рӯзноманигори мумтоз бо мукофоти ба номи Лохутӣ соли 1980 сарфароз гардидааст.

Бузургдошт вироиш

Соли 1193 дар вилояти Суғд мукофоти ба номи Ҳоҷӣ Содиқ таъсис дода шудааст, ки ҳамасола рӯзномнигорони фаъоли вилоят рӯзи рӯзноманигорони ҷумҳуриявӣ − 11 март сарфароз гардонида мешаванд.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)// Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — с. 224—225 — ISBN 978-99947-2-379-9
  • Ҳоҷӣ Содиқ // Ховалинг — Ҷӯяк. — Д. : СИЭСТ, 1988. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 8).