Ҳушанг Гулшерӣ (форсӣ: هوشنگ گلشیری‎; 16 март 1937 ё 1938[1], Исфаҳон5 июн 2000[2][3], Теҳрон[4]) — нависанда ва адабиётшиноси эронӣ, яке аз поягузорони насри зеҳнгарои форсӣ.

Ҳушанг Гулшерӣ
Таърихи таваллуд: 16 март 1937(1937-03-16) ё 1938[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 5 июн 2000(2000-06-05)[2][3]
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: рӯзноманигор, румоннавис, филмноманавис, нависанда, нақд
Жанр: қисса[d]
Забони осор: форсӣ[2]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома вироиш

Таҳсилоти миёнаро дар Ободон гирифтааст. Солҳои 1955-74 дар Исфаҳон зиндагӣ кард ва пас аз хатми факултаи забони форсии донишгоҳ (1966) дар мактабҳо омӯзгор буд. Кори адабии худро бо сурудани шеър ва гирдоварии адабиёти шифоҳӣ (фолклор)-и манотиқи Исфаҳон шурӯъ карда, намунаҳои онро дар маҷаллаи «Паёми навин» мунташир намуд. Ошноӣ бо Анҷумани адабии Соиб, ки яке аз таъсисдиҳандагонаш буд ва интишори «Ҷунг (гоҳнома)-и Исфаҳон» Гулшериро ба шоҳроҳи наср ворид кард. Сохтори насри ӯ бар асоси ҷустуҷӯи ҳувияти хеш дар фазое, ки аслаш заволу табоҳию нобудӣ аст, шакл мегирад. Нахустин маҷмӯаи новеллаҳояш бо номи «Мисли ҳамеша» соли 1968 ба табъ расид. Соли 1969 романи таърихии «Шозда (шоҳзода) эҳтиҷоб»-ро мунташир кард, ки аз қавитарин намунаи насри эронӣ дар тавсифи заволи ашрофони заминдор аст ва ба Гулшерӣ шуҳрати бузург овард. Пас аз ба навор гирифтани филми ҳунарӣ аз рӯи ин романи маъруф ҳукумати шоҳии Эрон Гулшериро боздошт ва ба муддати ним сол зиндонӣ кард. Баъди ду сол дар пайравӣ ба ҷараёни «романи нав»-и Фаронса романи «Кристиан ва Кид»-ро навишт, аммо ин асар чандон муваффақият пайд накард, чунки муаллиф бештар саргарми шаклу сохтор гардида, арзиши ҳунариро костааст. Сипас ду асари ӯ — «Намозхонаи кӯчаки ман» (новеллаҳо, 1975) ва «Барраи гумшудаи роъӣ» (роман, 1977) чоп шуданд. Гулшерӣ дар ин ду китоб сабки монолог (такгуфтор)-и ботиниро ба кор бурда, дар бозофаринии воқеаҳо аз рамзу тамсилҳову устураҳои миллию мазҳабӣ истифода кардааст. Гулшерӣ соли 1979, пас аз сафари яксолаи ИМА бо Фарзона Тоҳирӣ, яке аз мутарҷимони маъруф, издивоҷ кард ва соли 1980 барои суханронию достонхонӣ ба Ҳолланду Шветсия ва шаҳрҳои мухталифи Англия рафт. Соли 1981 низ барои ширкат дар ҷаласаҳои Хонаи фарҳангҳои ҷаҳон ба Берлин сафар кард. Дар ин сафар дар шаҳрҳои мухталифи Олмон, Шветсия, Дания, Фаронса дар маҳофилу мулоқот пиромуни адабиёт ва ҳунари насрнависӣ суҳбатҳо орост. Ҳамзамон китобҳои ӯ «Маълуми панҷум ё ҳадиси мурда бар дор кардани он савор, ки хоҳад омад» (1980), «Ҷуббахона» (1983), «Ҳадиси моҳигир ва дев» (1984), «Маъсуми панҷум» (1986), «Панҷ ганҷ» (1989) ва ғ. чоп шуданд. Романи «Маъсуми панҷум» ривоёти таърихию мазҳабии Сапедҷомагонро фаро мегирад ва бар меҳвари зуҳури мавъуди мазҳаби Сапедҷомагон мутамаркиз гаштааст.

Гулшерӣ ҳамчун нависандаи зеҳнгарои пуркору фаъол, пеш аз ҳама, бо повести «Шозда эҳтиҷоб» дар насри муосири Эрон таҳаввули бузурге ба вуҷуд овард. Ӯ бо сабки хоссу диди эстетикии вижа ва бо баҳрабардорӣ аз мактаби «ҷараёни сайёли зеҳн» ва баёни рамзӣ дар мисоли се насли як хонадони ашроф фурӯпошии ботинию иҷтимоии табақаи феодалии ҷомеаашро моҳирона тасвир кардааст. «Шозда эҳтиҷоб» ва осори баъдии Гулшерӣ дар насри форсӣ ҷойгоҳи намоён пайдо карда, шеваи «ҷараёни сайёли зеҳн» дар офариниши осори насрии эпикии форсӣ муравваҷ гардид. «Оинаҳои дардор» (1993), «Ҷиннома» (1998), «Ҷидоли нақш бо нақш» (нақди адабӣ), «Дувоздаҳрух» (филмнома, 1989), «Боғдарбоғ» (маҷмӯаи мақолот, 1990) аз дигар осори маъруфи ӯянд. Гулшерӣ пас аз Инқилоби исломӣ яке аз поягузорон ва узви фаъоли Конуни нависандагони Эрон буд ва бо ташкили курсҳои нависандагӣ бар раванди халлоқияти адабии насли ҷадиди нависандагон таъсир ниҳод. Дорандаи Ҷоизаи адабии Фурӯғи Фаррухзод (1978) ва Ҷоизаи сулҳи Эрих Мариё Ремарк (1999).

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш