Ҳушёр — номи кӯл аз силсилаи кӯлҳои Марғзор, дар дараи Шинги ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар натиҷаи селовард ва обоварҳои дарёчаи Гӯрдара банд шудани маҷрои дарёи Шинг ба вуҷуд омадааст. Тӯлаш 770 м, бараш ба ҳисоби миёна 130 м, чуқуриаш то 15 м, ҳаҷми об 0,73 млн.м³, масоҳати сатҳи об 0,10 км² мебошад. Манбааш асосан оби дарёи Шинг, ки он аз кӯли Нофин гузашта, ба Ҳушёр мерезад. Аз соҳили чапи кӯл дарёчаи Гӯрдара низ оби худро ба Ҳушёр мерезад. Пасту баландшавии солонаи сатҳи об чандон зиёд нест. Обаш ширин ва шафоф аст.[1]

Ҳушёр
Макон
Кишвар
МинтақаВилояти Суғд

Ҳушёр кӯле, ки бари кӯли Соя ҷойгир шудааст. Аз ин кӯл мардуми деҳаи Гурдара истифода мекунанд. Ранги кӯли Ҳушёр бо кабудиш андак аз кулҳои дигар тафовут дорад, зеро рӯшантар аст.[2]

Нигаред низ вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. Ҳомидов Д. Р. Таҳқиқи забоншиносии гидронимҳои мавзеъҳои таърихии тоҷикнишин/Рисолаи докт. илми филол. — Душанбе, 2018. — С. 123. — 470 с.(тоҷ.)
  2. ТОҶИКИСТОН АЗ АФЛОК АСТ»/ТВ "Сафина". 29 июли 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 23 апрели 2016.