Ҷамъияти вобаста — ҷамъияти хоҷагие вобаста эътироф карда мешавад, ки ҷамъияти дигар (бартаридошта) бештар аз 20 фоизи саҳмияҳои овоздори ҷамъияти саҳҳомӣ ё 20 фоизи сармояи оинномавии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдудро соҳиб бошад. Ин гуна ҷамъият дар ин хусус бояд бетаъхир маълумот нашр намояд. Ҳадди иштироки мутақобилаи ҷамъиятҳои хоҷагй дар сармояи оинномавии якдигар ва миқдори овозе, ки яке аз чунин ҷамъиятҳо дар маҷлиси умумии иштирокчиён ё саҳмдорони ҷамъияти дигар истифода карда метавонад, тибқи қонун муайян карда мешавад ( м. 117 КГ).[1]

Нигаред низ вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 551