Ҷанги Уҳуд вироиш

Соли сеюми хичрй, мутобиқ ба соли 624, мушрикони Макка бо сипохи хеле хуб мусаллах ба суи Мадина рафтанд. Муҳаммад баъди машварати сарони лашкари худ бо 1000 нафар ба пешвози онҳо баромад, аммо Абдуллох ибни Абй аз чангӣ кушод тарсида, бо бахонаи муҳофизати шаҳри Мадина бо 300 нафар чудо шуда пас мегарданд. Микдори лашкари ислом 700 нафар монд. Дар доманаи кухи Ухуд хар ду сипох cap ба cap шуданд ва ин чанг дар таърих бо номи газавоти Ухуд машҳур аст. Мухаммад мавкеи хуби чангиро интихоб кард ва рохи аз пушт омадану зарба заданро бо 50 нафар бает. Дар чангӣ руёруй мусулмонон бо чунон мардонагӣ мечангиданд, ки Абусуфён аз таре ру ба гурез ниход. 50 нафари муҳофизи чангӣ гумон карданд, ки чанг тамом шуд ва барои ба даст овардани ганимат ба суи қароргоҳи Абусуфён рафтанд. Абусуфён ин вазъиятро дида, бахше аз лашкарро барои зарба задан аз пушти исломиён фиристод ва ин боиси талафоти лашкари ислом гардид.

Дар байни шахидон амаки Мухаммад - Хамза низ буд. Дар ин чанг Мухаммад як дандонашро аз даст дод ва захм бардошт. Бо вучуди ин, дар ин чанг исломиён голиб омаданд ва маккиён сулҳ хостанд. Мувофики ин сулҳнома, Макка ҳамчун шаҳри мукадцаси тамоми арабхо, аз ҷумла мусулмонон ба шумор меравад. Мусулмонон метавонанд хар сол ба ин чо омада, хонаи Каъбаро тавоф кунанд. Дини ислом дини маккиён низ эътироф гардид. Хач барои ҳамаи мусулмонон шарт аст. Ин шартнома ба хазрати Мухаммад ва тарафдорони ӯ имконият дод, ки хар сол ба Макка оянд ва бо таргиби ислом нуфузи ашрофи Маккаро, ки чандон мусулмон набуданд ва даромади ибодатгоҳро сохибй мекарданд, суст намояд. Мухаммад сиёсати давлатии мустахкам, пурзур ва дину худой ягонаро пеш мебурд ва рӯз ба рӯз нуфузаш меафзуд. Мухаммад ва тарафдоронаш мегуфтанд: «Худо ягона аст ва Мухаммад фиристодаи уст, ҳама бояд дар итоати ӯ бошанд, зеро вай ахкоми Аллохро ба амал меорад. Касе, ки аз ин фармон cap печад, гунахгор ба ҳисоб меравад».

Дар назди Мухаммад шурое амал менамуд, ки аз хамсафону шогирдони наздики ӯ иборат буд ва иродаи пайғамбарро_ ичро мекард. Мухаммад сарвари ягонаи дин ва давлат буд. У сарвари лашкар низ ба шумор мерафт. Лашкари ислом аз ихтиёриёни кабилахо ташкил меёфт ва хар кабила дастаи чудогонаро ташкил медод. Пайғамбар қоидаву қонунхои 115 ягонаро чорӣ карда буд, ки риояи он хатмй буд. Моли меросӣ аз наел ба наел мегузашт, дуздонро даст мебуриданд. Вай муҳофизати хдёт Ва моли муминонро кори мукаддас меҳисобид. Хамаи ин чорабинихо дар чомеаи нобасомони арабхо обруйи пайғамбар ва дини исломро зиёд мекард.

Ҷанги Хандак вироиш

Дар соли 5-уми хичрат қувваҳои якчояи Арабистон иборат аз 10 ҳазор нафар, ки онҳоро ахди Макка фарохам оварданд ва яхудиёнро низ дар бар мегирифт, барои торумори мусулмонон ба суи Мадина ҳуҷум карданд. Пайғамбар бо асхоби худ ба машварат нишаст ва Салмони Форси маслихат дод, ки дар самти кушодаи Мадина хандаки васеъ канда шавад, зеро хавфи ҳуҷум танҳо аз ҳамин тараф аст. Дигар самтҳои шаҳрро кухпорахо муҳофизат мекунанд, душман танҳо аз тарафи шимол хамла оварда метавонад. Пайғамбари ислом ин пешниходро пазируфт. Хангоме ки сипохиёни Макка ба Мадина расиданд, хандаки бузургеро диданд ва хайрон монданд. Онҳо баъди чандин рӯз дар он тарафи хандак истодан, кушиданд, ки аз хандак гузаранд. Хазрати Алӣ ба суи онҳо рафт ва якчанд нафари номдори онҳоро кушт ва бокимондаашон боз ба он суи хандак баргаштанд. Хандак имконияти чангкунон гузаштани микдори зиёди душманро махдуд сохт. Дар ин вакт туфоне бархост, ки хаймаҳои ахли Макка ва муттахидини онҳоро канд ва парешонӣ дар лангаргоҳн онҳо афканд. Бахше аз онҳо ба мухосира афтоданд. Баъди чанги Хандак обруй ва кудрати мусулмонон боз хам фузунтар гардид. Пас маккиён ба сулҳ омаданд, ки мувофики он мусулмонон метавонистанд ба зиёрати хонаи Худо раванд. Пайғамбар 10 сол тавонист ба таблиги дини ислом пардозад ва онро на танҳо дар Арабистон, балки дар кишварҳои хамсояи наздик хам таблиг кунад.

Фатҳи Хайбар. вироиш

Ойини ислом рӯз ба рӯз қувват мегирифт, микдори мусулмонон дар Арабистон бештар мешуданд ва ин душманони онҳоро газабноктар мекард. Ба ислом ру овардани арабҳои пайрави ойини яхудӣ, яхудиёнро ба хашм меовард. Бинобар ин, онҳо ба мукобили мусулмонҳо мубориза мебурданд. Махсусан, яхудиёни Хайбар пайғамбари исломро мачбур сохтанд, ки ба мукобили онҳо лашкар кашад ва хисори онҳоро мухосира намояд. Дар ин чанг хазрати Алӣ кахрамонӣ нишон дод. У дарвозаи Хайбарро канд ва калъаро фатх намуд.

Фатҳи Макка Баъди ду соли сулҳ, душманони пайғамбар, ки дар Макка буданд, паймоншиканӣ карданд ва мусулмонон ба суи онҳо лашкар кашиданд ва шаҳру музофоти Маккаро гирифтанд. Пайғамбар ба ҳамаи мардум амонӣ бахшид. 116 Ҳамин тавр, пайғамбар баъди 8 соли хичрат ба Макка ҳамчун фотех баргашт ва барои баргашти мухочирон шароит фарохам овард. Пайғамбар ба маъбади Ахром рафт ва бутхоро нобуд сохт, Каъбаро макони парастиши Худованди яккаву ягона қарор дод. Абусуфён ва тарафдоронаш, ки ба пайғамбари ислом душманӣ меварзиданд, ба ислом ру овардани худро эълон доштанд. Пайғамбар аз гунохи онҳо гузашт. Фатхи Макка, ки бузургтарин марказӣ динӣ, тичоратӣ ва сиёсию маъмурии Арабистон буд, пирузии комили ислом ҳисобида мешавад.

 
нишони Дини Ислом

Пазироии ислом ва асосҳои он. вироиш

Солҳои баъд хазрати Мухаммад барои густариши ислом дар байни ахли Макка ба шарху эзохи сураҳои Куръон дар байни мусулмонон шугл варзид. Х,амаи мусулмонон бояд бинои мусулмониро, ки бар панч навъ аст, риоя намоянд: 1. Калимаи Шаходат аст, ки ашхаду ан лоилоха иллалоху ва ашхаду анна Мухаммадам абдуху ва расулуху. 2. Панч вакт намоз гузоридан. 3. Рузаи мохи рамазон доштан. 4. Закоти мол додан. 5. Тавофи хонаи Каъба кардан. Тавофи хонаи Каъба ва закот додан бар касоне фарз аст, ки имконият дошта бошанд. Вожаи Куръон маънои бо овоз хондани матнҳои мукаддасро дорац. Дар аввали солҳои 30-юми садаи VII пайғамбар мекушид, ки ба суи Рум равад ва исломро ба шимол густариш дихад, аммо ин кор муяссар нашуд. Вай 28 мохи сафари соли 11-уми хичрӣ дар синни 63-солагӣ аз олам чашм пушид. Пайғамбар дар рӯзгор оддитарин шахе буд. Аксари рузхо руза мегирифт ва шабхо намоз мехонд. Зиндагии ӯ дар камоли содагӣ мегузашт. Болои бурё ва барги хурмо мехобид. Гизояш бештар нони чав ва чанд дона хурмо ва гоҳе нону об буд. Покиву покизагиро дӯст медошт ва риоя мекард. Шустани дандонҳо, бинӣ ва баданро шарт медонист. Бо тамкини тамом сухан мегуфт. Х,еч гоҳ забонаш бо сухани нодуруст ва дашном олуда намешуд. Дар ичрои адолат ба хеч кас кӯтоҳй ва сустӣ надошт. Нисбат ба занон меҳрубон ва кумакрасон буд. Падари ғамхор ва хамсари меҳрубон, барои ҳамаи муъминон бародари дилсузу ғамхор буд. Аммо баъди даргузашти хазрати Мухаммад байни ёрони наздики ӯ барои идора намудани хилофат талоше пайдо шуд. Дар аввал Абубакрро халифа интихоб намуданд. Баъди ӯ хилофат ба Умар ва Усмон гузашт. Гурухи тарафдорони Алӣ мегуфтанд, ки Алӣ дар зиндагии расули Худо ҷонишини аввали ӯ буд ва аз хонадони пайғамбар, яъне писари амакаш ва домодаш мебошад ва имомат ба ӯ тааллук дорад. Абубакр бар хилофи дини ислом халифа шудааст. Вацте ки Алӣ баъди кушта шудани Усмон ба сари хилофат омад, тарафдоронаш мехостанд хокимиятро мероей намоянд, аммо уро куштанд ва хилофат ба Умавиён гузашт ва интихобй будани халифа бархам хурд. Дар натича ислом ба ду гурӯҳ: шиахо - тарафдорони имомати меросии Алӣ ва авлоди ӯ ва суннихо - тарафдорони имомати интихобй таксим шуд. Таълимоти дини Ислом дар асоси сураҳои Куръон тартиб ёфтааст. Сураҳои Куръон суханони парвардигоранд, ки ҳамчун дастур дар байни солҳои 610-632 дар Макка ва Мадина ба хазрати Мухаммад нозил шудаанд. Куръон аз 114 сура иборат аст. Сурахо ба оятхо таксим мешаванд ва микдори онҳо аз 6204 то 6660 мерасад. Сурахо дар 118 замони пайғамбар ва дар кдӣди хдёт будани ду халифаи аввал ба шакли пароканда вучуд доштанд ва мураттабу китоб дар замони халифагии Усмон шуданд. Бояд тазаккур дод, ки дар ин муддат мазмун ва мундаричаи Куръон тагӣир наёфтааст. Куръон тагӣирнопазир аст.Дар ислом Худо ягона ва Мухаммад фиристодаи уст. Худованд 99 ном дорад, ки хар кадоми ин як сифати уро ифода менамояд. Масалан, Ахрор - ягона, Кодир - кудрат, Каххор - ҳама корхоро метавонистагӣ, Сомеъ - ҳамаро мешунидагӣ, Розик - ризкдиханда, Гафур - бахшанда мебошад.

Шариат Ислом ба монанди дигар динхо қоида ва қонунҳои худро дорад. Асоси хукукҳои шариатро қонунҳои худовандӣ ташкил менамоянд. Инсон хукуки қонунбарорӣ надорад. Конун эълон намуданро танҳо худованд метавонад.

Касе даъвои қонунбарорӣ менамояд, гунаҳкор ҳисобида мешавад.

Адабиёт вироиш