Ҷанги Эрон ва Ироқ (дар Эрон, порсӣ: جنگ تحمیلی, ва дар Ироқ, арабӣ: قادسيّة صدّام) ҷанге аст, ки аз 22 сентябр, 1980 то 20 август, 1988 байни ду кишвар, Эрон ва Ироқ, ҷараён дошт. Ҷанги ҳашт солаи Эрон ва Ироқ яке аз фоҷеъаҳои таъриxи башари дар қарни бистум аст. Ҷанги ки пас аз ҷанги Вйетнам, тулонитарин ҷанги таъриxи ҷаҳони қарни бистум будааст.

Ҷанги Эрон ва Ироқ 22 сентябр, 1980 Теҳрон

Ба назар мерасад таҳвулоте баъд аз инқилоби Эрон дар Эрон мнҷр ба тасмими Ироқ дар ҳамли ба Эрон шуд. Заъиф шудани артиш баъд аз инқилоб дар Эрон, ишғоли сафорати Амрико ва гиравгонгирии аъзои он, ки боиси маҳкум шудани Эрон дар саҳнаи байналмилалӣ шуд ва сиёсати "Судури Инқилоб" ки аз сӯи оятуллоҳ Руҳуллоҳ Хумайнӣ ва раҳбарони Эрон пайгирӣ мешуд. Саддом Ҳусайн ва эҳтимолан бисёре аз сарварони дигари ҷаҳонро ба андешаи саркуби низомии режими ҷадиди Эрон андоxт. Ҳамчунин андешаи ҷудосозии устони Хӯзистон ва ҳамроҳ намудани қисми он ба қаламрави Ироқ яке аз далели муҳими ин ҷанг буд ба вижаи ин ки шӯриши арабҳои баъзе аз муxолифони инқилоби Эрон дар Хӯзистон то шикаст рӯ ба рӯ шуда буд. Пас давлати арабгароӣ Ҳизби Баъси Ироқ даст ба кор шуд ва дар ин рустоҳо ҷанги xудро низ давом дода буд. Қобили зикр аст ки бештари кишварҳои араб - ба ҷузъи чанде аз он Сурия ва Либиё аз режими Саддом Ҳусайн дар ин ҷанг пуштибонӣ карданд.