Ҷараёни қонунгузорӣ

Ҷараёни қонунгузорӣ — тарзи қатъиян танзимёфтаи қабули қонун, аз пешниҳоди лоиҳаи қонун ба парлумон огоз сфта, бо интишори қонуни қабулшуда ва ба амал даромадани он анҷом меёбад. Танзими батафсили ҳамаи давраҳои ин ҷараён шарти ҳатмии интишори қонунҳо аст, ки бо мазмун ва мувофиқи техникаи ҳуқуқии мавҷуда ба талаботи ҷиддӣ ҷавобгӯ мебошад. Аз ҷараёни қонунгузорӣ фаъолияти қонунтайёркунй - тайёр кардани лоиҳаи қонунҳо ва ба парлумон пешниҳод кардани онро фарқ кунонидан лозим аст.

Ҷараёни қонунгузорӣ дар парлумон аз чанд давра иборат аст. Дар ҷаласаи палатаҳо ҳаллу фасл гардидани лоиҳаи қонун қироат ном дорад. Дар кумитаҳои парлумонй дида баромадани он қироати кумитавӣ ном дорад. Дар ҳар як мамлакат ҷараённ қонунгузорӣ хосиятҳои худро дорад, вале сарфи назар аз ин дарёфт кардани нақшаи умумии онҳо мумкин аст. Давраи якум аз пешииҳоди лонҳаи қонун ба палата иборат буда, ба ин субъектони ташаббусн қонунгузорӣ ваколатдоранд.

Дар баъзе мамлакатҳои сохти парлумони дупалатагӣ лоиҳаи қонунро ба ҳар як палата пешниҳод кардан мумкин аст (масалан, Италия, Франсия), дар дигарҳо фақат ба палатаи поёнй (ИМА, Нидерланд). Ин давра хислати расмӣ дорад ва он дар қабули лоиҳаи қонун ва супурдани он ба кумитаи дахлдори парлумонӣ ифода меёбад. Баъди давраи омӯзиши лоиҳаи қонун дар кумита, он бо хулосаи кумита ба палата барои моҳиятан муҳокима кардан (тарҳи қонуни оянда, ҳолатҳои асосии он) - ба қироати якум пешниҳод мегардад. Баъди муҳокима (агар лоиҳаи қонун қабул нагардад) ба кумита барои ба эътибор гирифтани натиҷаи муҳокима дар палата ва таклифҳои вакилон бозгардонда мешавад. Пас, қироати дуюм огоз меёбад, ки дар он тағйироту иловаҳо ба матни лоиҳаи қонун мушаххас муҳокима мегарданд. Қироати дуюм беиггар бо гузаронидани овоздиҳӣ аз рӯи тамоми лоиҳаи қонун анҷом меёбад. Мумкин барои қатъиян равшан сохтани матни лоиҳаи қонунҳои калону мураккаб ё хеле муҳим қироати сеюму чорум ҳам зарур гардад. Тарзи махсуси гузориши лоиҳаи қонуни молиявӣ мавҷуд аст. Дар парлумони дупалатагӣ одатан қонуни дар як палата қабулшуда, барои ҳаллу фасли мухтасар ба палатаи дигар пешниҳод мегардад.

Ҷараёни қонунгузорӣ дар Маҷлиси Олии ҶТ дар моддаҳои 59-62 Конститутсия, Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Дастури Маҷлиси намояндагон, Дастури Маҷлиси миллӣ ва баъзе санадҳои дигар батафсил танзим ёфтаанд.[1]

Нигаред низ вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 554