Ҷеймс Грегори (англ. James Gregory, ноябри 1638, Драмоук, Абердиншир — октябри 1675, Эдинбург) — риёзидон ва ахтаршиноси шотландӣ. Яке аз асосгузорони таҳлили математикӣ. Узви Ҷамъияти шоҳии Лондон (1668). Профессори донишгоҳҳои Сент-Эндрюс (аз 1669) ва Эдинбург (аз 1674).

Ҷеймс Грегори
англ. James Gregory
Таърихи таваллуд 1638[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 1675[1][2][3][…]
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ риёзиёт[6] ва ахтаршиносӣ[6]
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Тадқиқот вироиш

Соли 1663 дар асари илмиаш «Optica Promota» (Усули оптикӣ) бори аввал сохти телескопи оинавӣ ва усули андозагирии масофаро аз Замин то Офтоб пешниҳод намуд (ки минбаъд аз он Галле бо муваффақият дар таҳқиқотҳояш истифода кардааст). Дар математика усулҳои ҳисоб кардани сектори доира, гипербола ва эллипсро бо истифодаи қаторҳо, формулаи интегралгирии ададӣ, панҷараи дифраксионӣ, мафҳуми ҳудудро (ки ба мафҳуми ҳозира наздик аст) пешниҳод кард. Танӯраи тарафи нонамоёни Моҳ, телескопе, ки дар вулқони Тейда (ҷазираҳои Канар) гузошта шудааст, ба шарафи Ҷеймс Грегори номида шудаанд.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш