Ҷозия Виллард Гиббс

Ҷозия Виллард Гиббс (англ. Josiah Willard Gibbs; 11 феврал 1839[1][2][3][…], Ню-Ҳейвен[d], Коннектикут[4]28 апрел 1903[1][2][3][…], Ню-Ҳейвен[d], Коннектикут[4]) — физикдон, шимифизикдон, риёзидон ва механики амрикоӣ, яке аз бунёнгузорони таҳлили векторӣ, физики оморӣ, назарияи риёзии термодинамика[6] [7], ки рушди илмҳои дақиқи муосир ва умуман табиатшиносиро пешакӣ муайян кардааст. Узви АИ миллии ИМА (1879), Ҷамъияти шоҳии Лондон (1897).

Ҷозия Виллард Гиббс
англ. Josiah Willard Gibbs
Таърихи таваллуд 11 феврал 1839(1839-02-11)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 28 апрел 1903(1903-04-28)[1][2][3][…] (64 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ таҳлили риёзӣ[d]
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Ҳуберт Энсон Нютон[d]
Ҷоизаҳо
Имзо Имзо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома вироиш

Хатмкардаи Донишгоҳи Йел (1858), аз 1871 профессори ҳамин донишгоҳ. Соли 1873 усули сохтани диаграммаҳои энтропиягиро, ки дар термодинамикаи техникӣ мавқеи муҳим доранд, таҳия намуд, сипас, диаграммаҳои сеченака сохта, назарияи потенсиалҳои термодинамикиро такмил дод (1874, потенсиали изобарию гармоиро "энергияи Гиббс " меноманд). Гиббс инчунин асосҳои термодинамикаи геометриро таҳия намуда, дар омӯзиши термодинамикаи зуҳуроти электрокимиёӣ ҳиссаи бузург гузоштааст. Истилоҳи «адсорбсия»-ро ба илм ворид кардааст. Дар асари худ «Принсипҳои асосии механикаи оморӣ» (1902) хулосаҳои илмии Ҷ. К. Максвелл ва Л. Болсманро дар бораи газҳои идеалӣ барои системаҳои намудашон умумӣ ҷамъбаст намуда, усулҳои математикиро дар соҳаҳои гуногуни физика истифода бурдааст.

Аз соли 1879 ба таҳлили векторӣ (ҳамзамон бо О. Хевисайд) машғул гардида, дар он Гиббс на кватернионҳои Гамилтон, балки усулҳои алгебравии Грассманро истифода бурдааст. Ба туфайли фаъолияти Гиббс таҳлили векторӣ ба фасли мустақили математика табдил ёфт. Гиббс назарияи ҳалли муодилаҳои дифференсиалии дорои ҳосилаҳои хусусӣ ва назарияи қаторҳои тригонометриро такмил дод (зуҳуроти Гиббс дар қаторҳои Фурйе). Истилоҳҳои «хориқаи Гиббс», «тақсимоти каноникӣ, микроканоникӣ ва каноникии бузург», «муодилаи адсорбсионии Гиббс» бо номи Гиббс вобаста мебошанд.

Эзоҳ вироиш

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 2.2 2.3 Архив по истории математики Мактьютор — 1994.
  3. 3.0 3.1 3.2 3.3 J.G. Crowther Encyclopædia Britannica (ингл.)
  4. 4.0 4.1 4.2 4.3 Гиббс Джозайя Уиллард // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохоров — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  5. Математическая генеалогия (ингл.) — 1997.
  6. Боголюбов, 1983.
  7. Храмов, 1983.

Адабиёт вироиш

  • Гиббс Д. Термодинамика. Статистическая механика. М., 1982;
  • Хайтун С. Д. История парадокса Гиббса: (термодинамический этап, классический статистический этап, квантостатический этап, информационный этап, операционный этап). М., 2005.