Ҷоизаи давлатии ИҶШС

Ҷоизаи давлатии ИҶШС — ҷоизаи баланди даврони шӯравӣ, соли 1940 таъсис ёфта, то соли 1960 ҷоизаи (мукофоти) Сталинӣ ном дошт. Ҷоиза (мукофот) барои комёбиҳои барҷастаи эҷодӣ дар соҳаи илм, техника, адабиёт, санъат, меъморӣ, инчунин комёбиҳои баланди меҳнатӣ дар қаламрави шӯравӣ эҳдо шуда буд. Бо Қарори КМ КПСС ва Совети Вазирони СССР 17 сентябри соли 1967 Низомнома оид ба Мукофот (Ҷоиза) тасдиқ гардид.

Ҷоизаи давлатии ИҶШС доир ба комёбиҳои барҷастаи эҷодӣ дар соҳаи

  1. илм,
  2. техника,
  3. адабиёт,
  4. санъат,
  5. меъморӣ,
  6. комёбиҳои баланди меҳнатӣ муайян мегардид.

Ҷоиза (мукофот) ҳар сол дар арафаи иди Инқилоби Октябр (то 50 ҷоиза (мукофот) дар соҳаи илм ва 10 ҷоиза (мукофот) дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ дар қаламрави шӯравӣ) эълон мегардид. Ба ашхоси сазовори ҷоиза (мукофот) гардида диплом, нишони фахрӣ ва маблағи муайяни пулӣ супурда мешуд. Бо пошхурии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 Ҷоизаи давлатии ИҶШС аз байн рафт.

Феҳристи ҷоизадорон (дар соҳаи адабиёт ва санъат) аз Тоҷикистон вироиш

Ному насаб Унвон Соли супурдан Барои комёбиҳои барҷаста дар соҳаи адабиёт ва санъат Ҷоизаи давлатии СССР (ИҶШС)
1. Мухтор Ашрафӣ оҳангсоз, дирижёр солҳои 1943, 1952
Ҷоизаи ба номи Сталин
2.Комил Ёрматов кинорежиссёр соли 1948 Ҷоизаи ба номи Сталин
3. Мирзо Турсунзода Шоири халқии Тоҷикистон соли 1948 достони «Қиссаи Ҳиндустон» Ҷоизаи ба номи Сталин
4. Садриддин Айнӣ Нависандаи халқии Тоҷикистон соли 1949 «Ёддоштҳо», Қисми 1-2 Ҷоизаи ба номи Сталин
5. Сергей Баласанян, Ғаффор Валаматзода, Лутфӣ Зоҳидова, Муҳаммад Қобилов, Евгений Чемодуров. гурӯҳи эҷодӣ соли 1949 барои балети «Лайли ва Мачнун» Ҷоизаи ба номи Сталин
6. Борис Бибиков коргардони театр соли 1950 Ҷоизаи ба номи Сталин
7. Мирсаид Миршакар Шоири халқии Тоҷикистон соли 1950 достонҳои «Қишлоқи тилоӣ» ва «Панҷи ноором» Ҷоизаи ба номи Сталин
8. Иброҳим Барамиков, Борис Кимиёгаров-Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон гурӯҳи эҷодӣ соли 1952 барои филми ҳуҷҷатии « Тоҷикистон Советӣ» Ҷоизаи ба номи Сталин
9. Ашӯра Носирова Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон соли 1952 барои маҳорати баланди рақс Ҷоизаи ба номи Сталин
10. Муъмин Қаноат Шоири халқии Тоҷикистон соли 1978 достони «Суруши Сталинград» Ҷоизаи давлатии СССР (ИҶШС)
11. Ато Муҳаммадҷонов актёри театр ва кино, Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон соли 1986 барои нақшҳо дар кинофилмҳо Ҷоизаи давлатии СССР (ИҶШС)
12. Ҳошим Гадоев Ҳунарпешаи халқии СССР соли 1989 кинофилми «Рустам ва Суҳроб» Ҷоизаи давлатии СССР (ИҶШС)

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Энсиклопедияи советии тоҷик. Ҷилди 4. — Душанбе, 1983. — с. 540.