Ҷонибеки Мурод (Муродов Ҷонибек Ҷӯрабекович; 29 май 1986, Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон) — яке аз номдортарин овозхонҳои Тоҷикистон аст.

Ҷонибеки Мурод
Ҷонибек Муродов
Таърихи таваллуд 29 май 1986(1986-05-29) (37 сол)
Зодгоҳ Хуҷанд
Солҳои фаъолият 2007 — то ҳол
Кишвар
Пеша(ҳо) овозхон
Навъи садо тенор
Соз rebab[d] ва гитор
Ношир(он) Best Music[d]

Зиндагинома вироиш

Ҷонибеки Мурод 29 майи 1986 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Ҷонибек писари ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов аст. Соли 2003 мактаби миёнаро дар Хуҷанд ба поён расонда донишҷӯи Донишгоҳи муосири гуманитарии тоҷикиву русӣ дар Хуҷанд шуд ва онро бо тахассуси забоншинос-арабшинос ба анҷом расонд.

Эҷодиёт вироиш

Ҷонибеки Мурод фаъолияти ҳунариашро соли 1995 оғоз карда ва то соли 2005 овозхони гурӯҳи хуҷандии «Боло» буд. Солҳои 2006 — 2007 бо гурӯҳи «Вазир» ҳунарнамоӣ мекард ва аз соли 2007 худ ба танҳоӣ овозхонӣ мекунад. Ҳамроҳи сарояндагони варзидаи эстрадаи тоҷик: Нигина Амонқулова, Шабнами Сурайё, Фарзонаи Хуршед, Меҳрнигори Рустам, Дамирбек Олимов Ҷонибеки Мурод (бо суруди "Арӯси замонавӣ") дорандаи ҷоизаи "Tamoshow Music Awards – 2017" аз рӯи рейтинги шабакаи Ютуб соҳиб шудаст. Барои гирифтани ин ҷоизаи муътабари мусиқии тоҷик дар 9 бахш 45 номзад мубориза бурданд.[1]

Дастовардҳо вироиш

  • Ҷоизаи «Суруди сол» дар солҳои 2005, 2006, 2007.
  • Ҷоизаи «Ситораи сол» дар соли 2008 
  • Ҷоизаи "Tamoshow Music Awards – 2017"

Синглҳо вироиш

  • Дурӯғгӯ, 2010
  • Песня для любимой
  • Дорогу уступлю
  • Забери
  • Хазон рез
  • Боль душа моя горит
  • Ошиқат ҳастам
  • Дилбар, ҳамроҳ бо Зикри Оллоҳ, Мадина, Ситора, 2010
  • Бе дил
  • Оллоҳу ҳамроҳ бо Шабнами Сурайё
  • Махинабону
  • Аз ин боло ҳамроҳ бо Шабнами Сурайё
  • Ай дил
  • Мастам
  • Сабза ба ноз ҳамроҳ бо Шабнами Сурайё ва Холид Каен
  • Ай пари ҳамроҳ бо Шабнами Сурайё
  • Биё ёр
  • Духтари хола
  • Ҳиндӣ ҳамроҳ бо Шабнами Сурайё
  • Дона, дона
  • Санамо ҳамроҳ бо Шабнами Сурайё
  • Шаҳри боронӣ
  • Ту ҷонӣ
  • Вафодор аст Худо
  • Замона ҳастӣ
  • Зулайхо ҳамроҳ бо Ҷӯрабек Муродов
  • Ман на манам, на ман манам ҳамроҳ бо Ҷӯрабек Муродов
  • Хазонрез ҳамроҳ бо Ҷӯрабек Муродов

Албумҳо вироиш

  • Шукри Худо,
  • Оллоҳу,
  • Ай дил,
  • Пир манам, ҷавон манам,

Донистаниҳо вироиш

Яке аз мусиқии сурудҳои Ҷонибекро овозхони тоҷик, Манижа Давлатова навиштааст.

Пайвандҳо вироиш

  1. Барандагони ҷоизаи имсолаи Tamoshow