Ҷонишинҳои шахсӣ — ба се шахс ҷудо мешаванд: шахси якум — гӯянда: ман, мо (моҳо, моён); шахси дуюм — шунаванда:ту, шумо (шумоҳо, шумоён); шахси сеюм — Ғоиб: ӯ, вай, онҳо//онон Ҷонишинҳои мо, шумо баробари маънои аслӣ тобишҳои фурӯтаниву хоксориро ҳам ифода менамоянд. Ҷонишинҳо ду шумора доранд:танҳо ва ҷамъ. Ҷонишинҳои танҳо ман, ту, ӯ (вай) буда, мо, шумо, онҳо ҷонишинҳои ҷамъ ҳастанд. Дар забони тоҷикӣ ибораҳои ин кас ва он кас вазифаи ҷонишини шахси сеюми танҳоро иҷро карда, бо ҷонишинҳои ӯ ва вай муродиф шуда, дар ин маврид ҳамчун воситаи ифодаи эҳтиром зоҳир мешаванд,

Мисол вироиш

Дили он кас ҳам ҳамеша ба тарафи шумост (Садриддин Айнӣ)

Нигаред низ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. — Душанбе: Дониш, 1985. — 157саҳ.