Ҷон Голсуорси (англ. John Galsworthy ([ˈɡɔːlzwɜrði]; 14 август 1867[1][2][3][…], Кингстон болои Темза[d], Суррей ё Лондон[5]31 январ 1933[1][4][2][…], Лондон[1][4]) — нависанда, шоир ва драматурги инглис.

Ҷон Голсуорси
Таърихи таваллуд 14 август 1867(1867-08-14)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 31 январ 1933(1933-01-31)[1][4][2][…] (65 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ драма[5] ва наср[5]
Алма-матер
Ҷоизаҳо
Ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт
Имзо Имзо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома вироиш

Дар оилаи ҳуқуқшинос ба дунё омада, факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Оксфордро хатм намуд (1890). Бо маҷмӯаи ҳикоёти «Тавассути чаҳор бод» (1897) ва романи «Ҷослин» (1898) ба арсаи адабиёт қадам ниҳод. Баъд аз нашр гардидани романи «Вилла Рубейн» (1900), пйесаи «Қутии нуқрагӣ» (1906), ки бо таълифи он аз сабки «драмаи нав» пуштибонӣ кард ва романи «Ҷазираи мунофиқон» (1904), маъруф гардид.

Ҷон Голсуорси пайрави ҷараёни реализм буд, суннатҳои эҷодии Ч. Диккенс ва У. М. Теккерейро пайгирӣ мекард. Дар баёния (манифест)-и «Адабиёт ва ҳаёт» (1930) Ҷон Голсуорси таъкид кард, ки ҳадафи санъат ҳифзи «манфиатҳову бузургии инсон» аст, аммо шарти муҳимми эҷоди роман омӯзиши воқеияти «характери инсонӣ» мебошад. Ба қавли Ҷон Голсуорси, дар такмили истеъдоди нависандагиаш эҷодиёти намояндагони адабиёти рус, бавижа, осори И. С. Тургеневу Л. Н. Толстой нақши бузург бозидаанд.

Ҷон Голсуорси ба адабиёти ҷаҳонӣ бо силсилароманҳои «Қиссаи Форсайтҳо» («Молик», 1906; «Дар ҳалқа», 1920; «Барои иҷора, 1921») ва «Мазҳакаи муосир» («Маймуни сафед», 1924; «Чумчаи нуқрагӣ», 1926; «Охирин шоҳкор», 1928) ворид шуд. Ҳар кадоми романҳо дорои ду намоишномаи хурд (интерлюдия) мебошанд: дар нахустӣ — «Охирин тобистони Форсайт» (1918), «Бедорӣ» (1920); дар дуввумӣ — «Идиллия» («Зиндагии саодатмандона») ва «Мулоқотҳо» (1927). Дар ин асарҳо Ҷон Голсуорси манзара, рӯзгори Англия, зиндагиву омоли оилаи Форсайтҳоро дар тӯли 40 сол (1886—1926) раванди таназзули Англияи даврони малика Викторияро тасвир кардааст. Ба қалами Ҷон Голсуорси 20 роман, 27 намоишнома, се маҷмӯаи ашъор, 173 новелла, панҷ маҷмӯаи эссе, тақр. 700 нома, инчунин очеркҳову мақолаҳои публитсистӣ тааллуқ доранд.

Хусусиятҳои асосии эҷодиёти Ҷон Голсуорси: доманаи фарохи ҳамосавӣ (эпикӣ), маҳорати устодонаву арзишманд дар тасвири мавқеи иҷтимоӣ ва рӯҳии қаҳрамонон, ягонагии бархӯрди интиқодӣ ва лиризм. Ҷон Голсуорси бунёнгузор (1921) ва нахустин президенти иттиҳодияи байналмилалии «Адибон ва эссеву новелланависон» (ПЕН-клуб) ва дорандаи мукофоти Нобел (1932) аст.

Намунаҳои осори Ҷон Голсуорси-ро дар Тоҷикистон адибон А. Ҳамдам (намоишномаи «Виҷдон» аз рӯи новеллаи «Аввалинҳо ва охиринҳо») ва Т. Расулова (новеллаи «Ду дид») тарҷумаву нашр намудаанд. Донишмандон Н. Ҳамроалиев ва Ш. Нурбахш пиромуни зиндагӣ, шахсият ва осори ӯ таҳқиқот ба анҷом расондаанд. Намоишномаи Ҷон Голсуорси «Виҷдон» дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов (1982) ва дар Театри мусиқӣ мазҳакавии Қӯрғонтеппа (1983) ба саҳна гузошта шудааст.

Эзоҳ вироиш

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 1.5 Краткая литературная энциклопедия (рус.)М.: Советская энциклопедия, 1962. — Т. 2.
  2. 2.0 2.1 2.2 2.3 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  3. 3.0 3.1 Encyclopædia Britannica (ингл.)
  4. 4.0 4.1 4.2 4.3 Кагарлицкий Ю. И. Голсуорси Джон // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохоров — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1972. — Т. 7 : Гоголь — Дебит. — С. 39.
  5. 5.0 5.1 5.2 5.3 https://aleph.nkp.cz/F/?func=find-c&local_base=aut&ccl_term=ica=jn19990002542
  6. LIBRIS — 2012.

Сарчашма вироиш