Ҷорҷ Грин (англ. George Green; 14 июл 1793[1][2], Ноттингҳам, Ноттингемшир31 май 1841[3][2], Ноттингҳам, Ноттингемшир) — риёзидон ва физикдони бритониёӣ. Асосгузори мактаби физикаи риёзӣ дар Кембриҷ.

Ҷорҷ Грин
англ. George Green
Таърихи таваллуд 14 июл 1793(1793-07-14)[1][2]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 31 май 1841(1841-05-31)[3][2] (47 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ таҳлили риёзӣ[d], риёзиёт[4], физик[4], нуршиносӣ[4], Акустика[4] ва hydrodynamics[d][4]
Ҷойҳои кор
Алма-матер
 Парвандаҳо дар Викианбор

Таҳқиқот вироиш

Таҳқиқоти бунёдиаш ба соҳаи физикаи риёзӣ оиданд. Ҷорҷ Грин дар асараш «Таҷрибаи истифодаи таҳлили математикӣ дар назарияи барқият ва магнетизм» (1828) мафҳум ва истилоҳи «потенсиал», таносуби интегралҳо аз рӯи ҳаҷм ва сатҳ, дар асоси таносуби кашфкардааш ҳолати хусусии функсияро, ки тасаввури таҳлилии ҳалли ҳамаи масъалаҳои физикаи риёзӣ ба он вобастаанд (Функсияи Грин), муайян кардааст. Дар физикаи риёзӣ корҳои илмии Ҷорҷ Грин дар бораи инъикос ва шикасти рӯшноӣ дар муҳитҳои кристаллӣ аҳаммияти хос дошта, тавассути онҳо ӯ бар асоси қонуни бақои энергия муодилаҳои асосии назарияи чандириятро кашф кардааст. Ҷорҷ Грин аввалин риёзидон буд, ки Англияро бо таҳлили риёзии Аврупо шинос намуд.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш