Ҷорҷ фон Бекешӣ

физикдони аҳли Маҷористон

Ҷорҷ фон Бекешӣ (Дёрд) (маҷорӣ: Békésy György; олмонӣ: Georg von Békésy; 3 июни 1899, Будапешт — 13 июни 1972, Гонолулу, Ҳавайӣ, ИМА) — физикдон, зистфизикдон ва физиологи амрикоӣ, профессор.

Ҷорҷ фон Бекешӣ
маҷорӣ: Békésy György
Таърихи таваллуд 3 июн 1899(1899-06-03)[1][2][3][…]
Зодгоҳ Будапешт
Таърихи даргузашт 13 июн 1972(1972-06-13)[4][1][2][…] (73 сол)
Маҳалли даргузашт Гонолулу, Ҳавайӣ
Кишвар
Фазои илмӣ Биофизика
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома вироиш

Соли 1923 Донишгоҳи Будапештро хатм карда, то соли 1946 дар лаб. шабакаи телефонии Венгрия кор кард ва ҳамзамон аз соли 1932 то соли 1946 дар Донишгоҳи Венгрия дарс медод (аз соли 1939 профессор). Солҳои 1946-49 дар Пажӯҳишгоҳи технологии шоҳии Стокголм ва баъди муҳоҷират ба Амрико (1947) с-ҳои 1949-66 дар Донишгоҳи Гарвард дарс додааст, с-ҳои 1966-72 профессор Донишгоҳи Гонолулу буд. Таҳқиқоташ асосан ба соҳаи акустика ва назарияи шунавоӣ бахшида шудаанд. Барои узви шунавоӣ якчанд асбоб ихтироъ кардааст. Соли 1961 барои кашфи механизми физикавии барангезандаи илтивои гӯш ба Мукофоти нобелӣ дар соҳаи физиология ва тиб сазовор гаштааст.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш