Ҷурғот, мост — як навъ маҳсулоти ширӣ. Ширро пеш аз тайёр кардани ҷурғот гомегенизатсия (коркарди механикӣ), 5 — 10 дақиқа дар ҳарорати 85 — 87°С ё 2 — 3 дақиқа дар ҳарорати 90 — 92°С пастеризатсия, баъд хунук (то 19 — 23°С) мекунанд ва 3 — 5 % сафедӣ мерезанд. Сипас ҷурғоти ҳосилшударо дар ҳарор. 8 — 10°С то расиданаш (1 — 3 шаборӯз) нигоҳ медоранд. Ҷурғот назар ба шир хубтар ҳазм мешавад. Комбинатҳои шир ҷурғоти равғандор ва беравған (баъзан витамини С ҳамроҳ мекунанд) мебароранд. Ҷурғот (серравған) на кам аз 3,2 % равған ва 10 мг% витамини С (ҷурғоти витаминдор) дорад. Ҷурғотро дар шишаҳои 0,5-литра ё коғазхалтаҳои полимерӣ мебароранд. Ҷурғотро дар ҳарорати то 8°С (то 24 соат) нигоҳ доштан мумкин аст[1].

Нигаред низ вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. Ҷурғот аз Энсиклопедияи Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон http://tajmedun.tj/publ/ur_ot/27-1-0-3458(пайванди дастнорас)