Ӯзбекистон

кишвар дар Осиёи Марказӣ

Ҷумҳурии Ӯзбекистон (ӯзбекӣ: O'zbekiston Respublikasi / Ўзбекистон Республикаси) — кишваре дар Осиёи Миёна аст. Дар шарқ бо Қирғизистон, дар шимолу шарқ, шимол ва шимолу ғарб бо Қазоқистон, дар ҷанубу ғарб ва ҷануб бо Туркманистон, дар ҷануб бо Афғонистон ва дар ҷанубу шарқ бо Тоҷикистон ҳаммарз аст. Пойтахт ва калонтарин шаҳри ин кишвар — Тошканд (аҳолиаш 2 миллион 300 ҳазор нафар). Дигар калонтарин шаҳрҳо: Самарқанд, Намангон, Андиҷон, Бухоро, Нуқус, Фарғона, Қаршӣ.

Ӯзбекистон
ӯзбекӣ: O‘zbekiston Respublikasi
Ўзбекистон Республикаси
Парчам Нишон
Шиор: «Kuch adolatdadir! (Куч ба адолат!)»
Суруди миллӣ: «O`zbekiston Respublikasi Davlat Madhiyasi» (слушать )
Рӯзи истиқлолият (аз Иттиҳоди Шӯравӣ,
31 августи соли 1991)
Забони расмӣ ӯзбекӣ
Пойтахт Тошканд
Шаҳри калонтарин Тошканд, Самарқанд, Намангон, Андиҷон, Бухоро, Нукус, Фарғона, Қаршӣ
Идораи давлат Ҷумҳурӣ
Президент Шавкат Мирзиёев
Масоҳат
  • Ҳамагӣ
  • Фоизи об.
56-ум ҷой дар ҷaҳон
447,400 км²
{{{Фоизи об}}} %
Аҳолӣ
  • Ҳамагӣ (2017)
  • Зичӣ
41-ум ҷой дар ҷaҳон
32,979,000
73,0 нафар/км²
ММД
  • Ҳамагӣ (2017)
  • Ба сари аҳолӣ
62-ум ҷой дар ҷaҳон
$222,792 миллиард $
$7023 $
Пули миллӣ сӯм
Интернет-Домен .uz
Коди телефон +998
Соат UTC +5

Дар Ӯзбекистон аз 32 миллион зиёдтар мардум зиндагонӣ мекунад (2017). Забони давлатӣ ва расмии кишвар — ӯзбекӣ. Забони русӣ дар кишвар ҳамчунин истифода мешавад.

Таърих

Мақолаи асосӣ: Таърихи Ӯзбекистон

Дар садаи даҳуми милодӣ, сарзамини кунунии Ӯзбекистон, ҷузъе аз қаламрави Сомониён буд. Пас аз Сомониён, Ӯзбекистон ба тартиб, таҳти ҳукумати Ғазнавиён, Салҷуқиён, Хоразмшоҳиён, муғулҳо, Темуриён ва хонҳои ӯзбек буда аст. Дар садаи 19 милоди ғарб ва шимоли Ӯзбекистон зери итоати хонигарии Хева ва ҷануби Ӯзбекистон зери салтанати аморати Бухоро буд. Хонигарии Хева дар соли 1877 зери султаи Русия даромад.

Даврони Истиқлол

 
Президенти аввалини Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов
 
Раиси Сенатӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ниғматулло Йӯлдошев

.

 
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев

2 сентябри соли 2016 президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов дар синни 78-солагӣ дар Тошканд аз олам даргузашт. Ҷанозаи президент дар зодгоҳаш, шаҳри Самарқанд гузашт, ва президенти якӯми Ӯзбакистон масҷиди Ҳазрати Хизр дар оромгоҳи марказии шаҳри кӯҳнаи Самарқанд дафн карда шуд. Дар ҷанозаи Ислом Каримов президентҳои Тоҷикистон, Туркманистон ва Афғонистон, сарвазирон (ҳамчунин сарвазири Русия), ноибони-сарвазирон, вазирон ва дигар меҳмонҳои олӣ аз кишварҳои гуногун иштирок кардаанд. Баъди марги Ислом Каримов вазифаи президентӣ ба раиси Сенатӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбакистон Ниғматулло Йӯлдошев гузашт. 8 сентябри соли 2016 дар маҷлиси якҷояи ҳар ду палатаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Йӯлдошев худрадкунӣ аз ин вазифа кард. Дар он маҷлис, сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбакистон Шавкат Мирзиёев ба вазифаи президенти муваққати Ҷумҳурии Ӯзбакистон таъйин шуд.

Дар ин интихобот овози аксари овоздиҳонро (88,61 %) Шавкат Мирзиёев аз Ҳизби либерал-демократии Ӯзбакистон гирифт ва президенти интихобшудаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон шуд. Ҷои дуюмро Ҳотамҷон Кетмонов аз Ҳизби халқии демократии Ӯзбекистон гирифт (3,73 %). ҷои сеюмро Наримон Умаров (3,46 %) аз Ҳизби сотсиал-демократии «Адолат» ва ҷои чорӯмро (2,35 %) Сарвар Отамуродов аз Ҳизби демократии «Наҳзати Миллӣ» гирифт. Интихоботи президентии оянда дар ин кишвар дар соли 2021 мегузарад.

Сохтори сиёсӣ

Тибқи конститутсия, Ӯзбекистон давлати ҳуқуқбунёди демократӣ мебошад. Сардори давлат Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аст. Мақоми олии намояндагии давлатӣ Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад, ки ҳокимияти қонунбарорро амалӣ менамояд. Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбакистон аз ду палата - палатаи қонунгузорӣ (палатаи поёнӣ) ва сенат (палатаи боло) иборат аст (Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, боби 18, моддаи 76). Мақоми ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки барои фаъолияти пурсамари иқтисодиёт, соҳаи иҷтимоӣ ва маънавӣ, татбиқи қонунҳо, қарорҳои дигари Олий Маҷлис, Фармонҳо ва фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон роҳнамоӣ мекунад, Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон амалӣ мегардонад.

Ҳизбҳо ва ҳаракатҳои сиёсӣ

  • 1991 — Ҳизби Халқии Демократии Ӯзбекистон (ҲХДӮ);
  • 1995 — Ҳизби сотсиал-демократии " Адолат ";
  • 1995 — Ҳизби "Ватан тараққиётӣ" (соли 2000 бо ҳизби Фидокорҳо ба як ҳизб бо номи Фидокорҳо ҳамроҳ шуд);
  • 1995 — Ҳизби Демократии "Миллӣ Тиқланиш ";
  • 2000 — Ҳизби Миллии Демократии " Фидокорлар " (соли 2008 ҳизбҳои сиёсии "Миллӣ Тиқланиш" ва "Фидокорлар" ба як ҳизб бо номи "Миллӣ Тиқланиш" муттаҳидшавиашонро эълон карданд );
  • 2003 — Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон;
  • 2008 — Ассотсиатсияи ҷамъиятии " Ҷунбиши экологии Ӯзбекистон". (Ҷунбиш ба Ҳизби экологии Ӯзбакистон табдил дода шуд ва он 24 январи соли 2019 ба қайд гирифта шудааст).

Бахшбандии кишварӣ

Мақолаи асосӣ: Вилоятҳои Ӯзбекистон
 
Майдон ва маҷмаи Регистон дар Самарқанд
 
мақбараи Биби-Хонум дар Самарқанд
 
Мақбараи сулолавии Сомониён дар Бухоро

Ӯзбекистон иборат аз 12 вилоят, 1 ҷумҳурии мухтор ва як шаҳри асоси дорад.

 
  1. Шаҳри Тошканд (1)
  2. Вилояти Андиҷон (2)
  3. Вилояти Бухоро (3)
  4. Вилояти Фарғона (4)
  5. Вилояти Ҷиззах (5)
  6. Вилояти Xоразм (13)
  7. Вилояти Намангон (6)
  8. Вилояти Навоӣ (7)
  9. Вилояти Қашқадарё (8)
  10. Вилояти Самарқанд (9)
  11. Вилояти Сирдарё (10)
  12. Вилояти Сурхондарё (11)
  13. Вилояти Тошканд (12)
  14. Ҷумҳурии Қароқалпоқистон (14)
Калонтарин шаҳрҳои Ӯзбекистон (аҳолӣ беш аз 100 000)
Шаҳр Аҳолӣ
1.07.2001[1]
Аҳолӣ
1.01.2014[2]
Тошканд 2 137,2 2 352,9
Самарқанд 361,3 509,0
Намангон 391,3 475,7
Андиҷон 338,4 403,9
Нукус 212,0 295,2
Бухоро 237,4 272,5
Фарғона 183,0 264,9
Қаршӣ 204,7 254,6
Қӯқанд 197,5 233,5
Марғилон 149,6 215,4
Ангрен 128,8 175,4
Ҷиззах 131,5 163,2
Чирчиқ 141,7 149,4
Урганҷ 138,6 137,3
Термиз 116,5 136,2
Навоӣ 138,1 134,1
Олмалиқ 113,1 121,1
Хӯҷайлӣ - 104,5
Деҳнав - 104,4
Бекобод - 101,2
Шаҳрисабз - 100,3

Ҷуғрофия

Дарозии марзҳои кишвар 6221 км мебошад. Дарозӣ: дар тӯлонӣ (аз шимол ба ҷануб) 925 км, дар арзи ҷуғрофӣ (аз ғарб ба шарқ) 1400 км, шарқтарин нуқтаи Ӯзбекистон, шаҳраки Тополино, вилояти Андиҷон аст.

Баландтарин нуқта аз сатҳи баҳр: Қуллаи Ҳазрат-Султон бо баландии 4643,3 м (қаторкӯҳи Ҳисор). Пасттарин нуқта аз сатҳи баҳр: ботлоқи намаки Кулатай дар Минбулоқ - .712,7 м [47] (биёбони Қизилқум).

Иқлим континенталӣ мебошад. Ҳарорати миёнаи январ аз +4 ° C дар ҷануб то -10 ° C дар шимол, ҳарорати июл аз +27 ° C дар шимол то +37 ° C дар ҷануб фарқ мекунад. Ҳарорати пасттарин -38 ° C мебошад.

Аҳолӣ

Мақолаи асосӣ: Аҳолии Ӯзбекистон

Аҳолии Ӯзбекистон 32 миллион 121 ҳазор нафар аҳолиро (дар соли 2017) ташкил мекард, аз он ҷумла 51 % аҳолӣ дар шаҳрҳо истиқомат мекарданд.

Дар таркибӣ миллии кишвар, 82 % (аз 25 миллион зиёдтар мардуми кишвар) — ӯзбекон, 5 % (аз 1,5 миллион зиёдтар) — тоҷикон, 3 % (аз 900 ҳазор зиёдтар) — қазоқҳо, 2 % (аз 800 ҳазор зиёдтар) — русҳо. Ҳамчунин, дар кишвар қароқалпоқҳо (аз 500 ҳазор зиёдтар), тоторҳо (аз 300 ҳазор зиёдтар), қирғизҳо, корейсҳо, туркманҳо, украинҳо, арманиҳо, озарбойҷониҳо, форсҳо (эрониён), уйғурҳо, белорусҳо, яҳудиён (асосан яҳудиёнӣ бухороӣ), олмониҳо, лӯлиҳо, арабони Осиёи Миёна истиқомат мекарданд.

Ҳайати миллии аҳолӣ

Маълумоти расмӣ дар бораи таркиби миллии аҳолии Ӯзбекистон
Миллат 12 январи 1989 (баҳисобгирии оморӣ)[3] 1 января 1991 (баҳодиҳӣ)[4] 1 январи 2011 (баҳодиҳӣ) 1 январи 2017 (баҳодиҳӣ)
шумора
ҳаз. наф.
миқдор % шумора
ҳаз. наф.
миқдор % шумора
ҳаз. наф.
миқдор % шумора
ҳаз. наф.
миқдор %
ӯзбекҳо 14 142,5 71,39 14 995,3 72,77 23 983,2 82,35 26 917,7 83,8
тоҷикҳо 933,6 4,71 980,7 4,76 1 411,6 4,85 1544,7 4,81
қазоқҳо 808,2 4,08 845,3 4,1 832,7 2,86 803,4 2,5
русҳо 1653,5 8,35 1593,8 7,73 837,5 2,88 750 2,33
қарқалпоқҳо 411,9 2,08 431,9 2,1 641,5 2,2 708,8 2,21
қирғизҳо 374,9 1,88 482,6 1,89 254,6 1,87 274,4 0,85
тоторҳо 467,8 2,36 414,6 2,01 218,6 0,75 195 0,61
туркманҳо 121,6 0,61 126,6 0,61 174,7 0,6 192 0,6
куриёиҳо 183,1 0,92 183,7 0,89 188,0 0,65 176,9 0,55
укроинҳо 153,2 0,77 146,8 0,71 78,2 0,27 70,7 0,22
дигарон 759,8 3,84 706,4 3,43 502,8 1,73 486,9 1,52
Ҳамагӣ 19 810,1 100 20 607,7 100 29 123,4 100 32 120,5 100

Аз соли 1989 дар Ӯзбекистон баҳисобгирии аҳолӣ гузаронида нашудааст. Мансубияти миллӣ аз рӯи маълумотномаи шиносномаҳои шаҳрвандӣ ва шаҳодатномаҳои таваллуди фарзандон (аз рӯи миллати волидайн) оварда шудааст.

Иқтисодёт

Идҳои расмии кишвар

 
Мунори Калон ва Масҷиди Калон дар Бухоро
 
Қасри Оқсарой ва муҷассамаи амир Темур дар Шаҳрисабз
Рӯз Ном ба забони ӯзбекӣ Ном ба забони тоҷикӣ
1 январ Yangi yil bayrami
Янги йил байрами
Соли нави мелодӣ
14 январ Vatan himoyachilari kuni
Ватан ҳимоячилари куни
Рӯзи муҳофизони Ватан
8 март Xalqaro xotin-qizlar kuni
Халқаро хотин-қизлар куни
Рӯзи байналмилалии занон
21 март Navroʻz
Наврӯз
Наврӯз
9 май Xotira va qadrlash kuni
Хотира ва қадрлаш куни
Рӯзи хотира ва иззат
1 сентябр Mustaqillik kuni
Мустақиллик куни
Рӯзи истиқлолят
1 октябр Oʻqituvchilar va murabbiylar kuni
Ўқитучилар ва мураббийлар куни
Рӯзи устодон ва мураббиён
8 декабр Konstitutsiya kuni
Конституция куни
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон
- Ramazon Hayit
Рамазон Ҳайит
Иди Рамазон
- Qurbon Hayit
Қурбон Ҳайит
Иди Қурбон

Маориф ва фарҳанг

Мувофиқи маълумоти Кумитаи давлатии омори Ӯзбекистон, дар соли 2020 шумораи театрҳое, ки дар кишвар фаъолият мекунанд, 49 ададро ташкил медиҳад.

Шумораи театрҳое, ки дар ҳудудҳои вилоятҳо фаъолият мебаранд, чунинанд:
Самарқанд - 4 то
Қарақалпоқистон - 3 то
Андиҷон - 3 то
Бухоро - 2 то
Ҷиззах - 2 то
Қашқадарё - 4 то
Намангон - 1 то
Сурхондарё - 2 то
Сирдарё - 2 то
Тошканд - 1 то
Фарғона - 5 то
Хоразм - 2 то
шаҳри Тошканд - 18 то. [5]

Ҷозибаҳои сайёҳӣ

Нигораҳо

Пайвандҳо

Эзоҳ


 
Созмони ҳамкории Шанхай
 
Қазоқистон  | Қирғизистон  | ҶХЧ  | Русия  | Тоҷикистон  | Ӯзбекистон
Кишварҳо-мушоҳидачиён: Ҳиндустон | Эрон | Муғулистон | Покистон


 
Иттиҳоди иқтисодии Евразия
Қазоқистон  | Қирғизистон  | Беларус | Русия  | Тоҷикистон |  Ӯзбекистон |
Кишварҳо-мушоҳидачиён: Арманистон | Молдова | Украина