Набиҷон Cатторӣ

(Тағйири масир аз Cаттори Набиҷон)

Набиҷон Cатторӣ (5 майи 1917, Истаравшан — 1986) — адабиётшинос, номзади илмҳои филологӣ (1968), дотсент (1970). Аълочии маорифи Тоҷикистон

Набиҷон Cатторӣ
Таърихи таваллуд 5 май 1917(1917-05-05)[1]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 1986[1]
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: дотсент[1] (1968) ва номзади илмҳои филология[d][1] (1970)
Алма-матер

Зиндагинома вироиш

Соли 1940 Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Сталинобод ба номи Т. Г. Шевченкоро хатм намудааст. Солҳои 1941—1945 дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок кардааст. Яке аз деҳаҳои Украинаро ба хотири ӯ Николай Сатторенко (дар давраи ҷанг бо ҳамин ном машҳур буд) номгузорӣ кардаанд. Солҳои 1949—1967 дар кафедраи адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко ба сифати муаллими калон кор кардааст. Солҳои баъдӣ муаллими кафедраи адабиёти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин буд. Муаллифи зиёда 50 рисола ва мақолаҳои илмӣ ва илмию методӣ мебошад.

Ҷоизаҳо вироиш

Бо ордену медалҳои «Барои мудофиаи Ленинград», «Барои озод кардани Будапешт», «Барои озод кардани Вена», нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» ва ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон қадрдонӣ карда шудааст.

Осор вироиш

  • Ҳаёт ва эҷодиёти Зуфархон Ҷавҳарӣ, Д., 1960;
  • Корҳои контролӣ барои студентони ғоибхон, Д., 1961.

Пайвандҳо вироиш

Эзоҳ вироиш