WannaCrypt (ҳамчунин маъруф ба WCry[1] ва WanaCrypt0r 2.0) — вируси компютерӣ, ки дар моҳи майи соли 2017 шумораи зиёди компютерҳои таҳти идораи системаи амалиётии Microsoft Windows-ро ба ҳам задааст. Яке аз аввалин ҳадафи ҳамла компютерҳои Испания буданд, сипас вирус ба дигар кишварҳо паҳн гардид.

WannaCry
Нигора
Бар пояи WannaCry[d]
Замони вуқуъ 12 май 2008
Замони оғоз 12 май 2017
Production date 16 январ 2017
Харитаи паҳншавӣ
Шумори пайгирон 6 327
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ба ҳолати 14:00 13 майи соли 2017 вируси WannaCry 131000 компютерро аз 99 кишвар сироят кард. Вирус аз соҳиби компютер ба 28 забони ҷаҳон интиқоли пул талаб мекунад. Русия бештар аз кишварҳои дигар аз ин ҳамла вирусӣ зарар дидааст[2][3].

Мутахассисон дар Тоҷикистон ҳушдор медиҳанд, ки мумкин аст, вируси хатарноки WannaCry, ки дар саросари ҷаҳон кори муассисаҳои зиёдеро ба ҳам зад, дар Тоҷикистон ҳам паҳн шавад[4].

Усули ҳамла вироиш

Вирус ба компютерҳо таҳти идораи OS Microsoft Windows ҳамла карда, дар сурати сирояти вирус ба компютер дигар корбар аз имкони дастрасӣ ба тамоми маълумоти худ маҳрум мешавад. Сипас вирус аз соҳиби компютер талаб мекунад, аз дар ҳаҷми $300 то $500 “биткойн” ё пули маҷозӣ бипардозад ва дигарбора ба компютер ва маълумоташ дастрасӣ пайдо кунад.

Ҷараёни ҳодиса вироиш

12 майи соли 2017 вирус дар ҷаҳон паҳн шуд. Бисёре аз кишварҳо мариди ҳамла қарор гирифтаанд, вале бештар аз ҳама дар як чанд кишвар — Русия, Украина, Ҳиндустон, Тайван компютерҳо сироят шудааанд[5][6][7].

Эзоҳ вироиш

Пайвандҳо вироиш