Викингҳо (дан. vikinger, швед. vikingar, норвегӣ: vikinger, исл. víkingar) — ҷанговарон ва баҳрнавардони искондиновиёӣ, ки дар асрҳои VIII–XI ба минтақаҳои гуногуни Аврупо ва Амрикои Шимолӣ ҳуҷум карда буданд.

Викингҳо
Нигора
Замони оғоз 793
 Парвандаҳо дар Викианбор

Таърих вироиш

Викингҳоро дар Аврупои Ғарбӣ норманнҳо ва дар Аврупои Шарқӣ (Руси Қадим) варягҳо меномиданд. Роҳзанӣ дар баҳр ва тохт ба муқобили халқҳои Аврупо шуғли асосии викингҳо буд. Аз нигоҳи низомӣ дастаҳои зудамали викингҳо ба сардор (конунг) итоат намуда, бештар аз усулҳои фаврии ҷанг истифода мебурданд. Дар муҳорибаҳо дастаҳои мунтахаби викингҳо– бексеркерҳо нақши ҳалкунанда доштанд. Бо инкишоф ёфтани ҳунари киштисозӣ ва баҳрнавардӣ викингҳо дар се марҳала ба Аврупо ҳамла намуданд: марҳалаи аввал (793–891) аз ҳуҷум ба дайри Кумберти ҷазираи Линдисфарни шимолу ғарбӣ Англия то шикасти викингҳо аз ҷониби ҳарбиёни Саксония ва Баварияро дар бар мегирад. Аз ин таҷоҳуми викингҳо бештар ҷазираҳои Британия ва давлати Франкҳо хароб шуда, киштиҳои ҷангии норманнҳо то ба нимҷазираи Пиреней ва баҳри Миёназамин расиданд. Дар самти Ғарб аз тарафи норвегиягиҳо ва даниягиҳо, дар самти шимол ва шарқ аз тарафи шведҳо, ки Аврупои Шарқиро то соҳилҳои баҳрҳои Сиёҳ ва Хазар фатҳ карда буданд, ҳуҷум мекарданд. Марҳалаи дуюми тохтутозҳои викингҳо (890 – 980) бо ташкили давлатҳо дар Скандинавия оғоз шуда, бо бунёди масканҳои зисти доимӣ ва ташкили давлатҳо дар минтақаҳои фатҳгардида анҷом ёфтанд. Дар охири асри 9 даниягиҳо Англияи Шарқӣ, норвегиягиҳо ҷазираҳои Шетланд, Гебрид, Оркней ва қисмати ҷанубу шарқии Ирландияро забт намуда, дар Исландия сокин шуданд. Соли 911 пешвои викингҳо Роллон дар Шимоли Фаронса подшоҳии Нормандияро таъсис дод. Дар самти ҷануб тохтутози викингҳо то Қафқоз ва Эрон расида, дар Византия викингҳо дастаи яккачини горди императориро ташкил доданд. Бо даъвати князҳои Рус (варягҳо) ҳамчун ҷанговарони зархарид дар ҷангҳои дохилӣ ва лашкаркашиҳои хориҷӣ ширкат доштанд. Дар марҳалаи севвуми ҳуҷумҳо (980–1066), солҳои 1016–1035 сарлашкари викингҳо – шоҳи Дания Кнуди Кабир Дания, Норвегия ва Англияро муттаҳид намуд, аммо давлати ташкилкардааш пас аз фавташ пароканда шуд. Викингҳои Исландия соли 980 Гренландияро фатҳ намуда, тақр. соли 1000 ба соҳилҳои Амрикои Шимолӣ расиданд. Марҳалаи севвум бо ғалабаи Вилгелми I дар муҳорибаи Гастингс бар неруҳои ҳарбии шоҳи Англия – Гаролд ва тохтутози норманнҳо ба ин кишвар анҷом ёфт. Дар ибтидои асри 11 дар натиҷаи зарбаҳои ҳокимияти шоҳони Аврупо викингҳо заиф шуда, тохтутозҳояшон қатъ гардид. Викингҳо дар раванди ташаккулёбии давлатҳо дар Аврупо (Англия, Фаронса, Итолиё, Русия ва ғ.) нақши муҳим доштанд.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш