Ви́ктор Миха́йлович Беля́ев (6 феврали 1888, Уралск — 16 феврали 1968, Маскав) — мусиқишиноси рус, доктори илмҳои ҳунаршиносӣ (1944), профессор (1943).

Виктор Беляев
Таърихи таваллуд 25 январ (6 феврал) 1888[1]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 16 феврал 1968(1968-02-16)[2][1] (80 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ мусиқишиносӣ ва фолклоршиносӣ[d]
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: доктори ҳунаршиносӣ[d]
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Jāzeps Vītols[d]
Ҷоизаҳо
ордени Байрақи Сурхи Меҳнат Медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941—1945»

Зиндагинома

вироиш

Хатмкардаи Консерваторияи Петроград (1914). Дар Консерваторияи Петроград (1914-23; 1942-44) ва Консерваторияи ба номи П. Чайковскийи шаҳри Маскав (1923—1924; 1938—1940; 1943—1959) аз назария ва таърихи мусиқӣ дарс гуфтааст. Беляев аз муҳаққиқони намоёни санъати мусиқии тоҷик ва дигар халқҳои Осиёи Миёна, Қафқоз ва Шарқи хориҷӣ аст. Дар инкишофи илми мусиқишиносии шӯравӣ саҳми босазо гузошта, роҳу услуби таҳқиқи ин соҳаро илман муайян намуд. Дар китоби «Очерки таърихи мусиқии халқҳои ИҶШС» (иборат аз 2 ҷилд; 1962, 1963) ба ҷараёни инкишофи мусиқии тоҷикон аҳаммияти хос додааст.

Фаъолияти илмӣ

вироиш

Беляев дар таҳқиқи мусиқии тоҷикон ва нашру тарғиби он хидмати шоиста кардааст. Навиштаҳои ӯ мисли муқаддима ба нашри «Шашмақом» (ҷ. 1, Москва, 1950), шарҳи мусиқӣ ба «Рисолаи мусиқӣ»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ (1959), «Ҷомӣ ва баъзе масъалаҳои мусиқишиносии тоҷик» (дар маҷмуаи «Абдурраҳмони Ҷомӣ», 1964) аҳаммияти бузурги илмӣ доранд. Рисолаҳои ӯ «Мусиқии туркман» (ҳамроҳи В. Успенский, 1927), «Созҳои мусиқии Ӯзбекистон» (1938), «Мусиқии халқии Белоруссия» (1941), «Мусиқии афғонӣ» (1960), «Сарчашмаҳои қадимии мусиқии рус» (1962), «Таснифҳои форсӣ» (1964), «Роҷеъ ба фолклори мусиқӣ» (1971) аз доманаи фарох ва гуногунрангии таҳқиқоти Беляев гувоҳӣ медиҳанд. Оид ба симоҳои намоёни созу овози рус ва Аврупои Ғарбӣ мақолаҳои илмӣ ба табъ расондааст.

Ҷоизаҳо

вироиш

Дорандаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ (1972). Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва медалҳо сарфароз гардидааст.

Сарчашма

вироиш