Вилю́й (ёқут. Бүлүү) — дарё дар Русия, шохоби бузургтарини дарёи Лена. Дарозиаш 2650 км, масоҳати ҳавзааш 454 ҳазор км².

Вилюй
  Координатаҳо [[Гурӯҳ:Қуттии дарё: Викимаълумот: истифодабарии таркиб: координатаҳо|]]
Мавқеъ
Рӯйхати оби Русия
18030800112117400003664
Рамзи ҳавза 18.03.08.001
Рамзи ТҲ 117400366
Ҷилди ТҲ 17 (нашр 4)[1]
Вилюй
дар Викианбор

Манбааш асосан барф. Аз пуштакӯҳи Вилюй ибтидо гирифта, ба паҳнкӯҳи Сибири Миёна ҷорӣ мешавад. Болообаш аз дараи танг ҷорӣ шуда, ба пастии Ёқутистони Марказӣ мебарояд. Шохобҳои асосиаш: аз рост — Улахан-Вава, Чиркуо, Чона, Улахан-Ботуобуя, Оччугуй-Ботуобуя; аз чап — Ахтаранда, Марха ва Тюнг. Сарфи миёнаи об дар назди шаҳраки Чернишевский қариб 600 м³/с, дар назди деҳаи Сунтара қариб 800 м³/с, дар назди резишгоҳ наздики 1700 м³/с. Сарфи об дар вақти обхезии баҳорӣ (об то 10-15 м баланд мешавад) дар ҷараёни миёнааш то ба 10000-15000 м³/с мерасад. Октябр ях баста, май об мешавад. Маҷрояш бо дарғоти НБО-и Вилюй дар назди шаҳраки Чернишевский (обанбори Вилюй) ба танзим дароварда шудааст. Аз резишгоҳаш то шаҳраки Чернишевский 1170 км киштигард. Бандарҳои калонаш: Вилюйск, Нюрба, Чернишевский. Дар Вилюй моҳидорӣ (моҳиҳои таймен, тосмоҳӣ, ленок, нелма ва ғ.) ривоҷ ёфтааст. Дар ҳавзаи Вилюй конҳои алмос (Мирний, Айхал ва ғ.), ангишт (қисми ғарбии ҳавзаи д. Лена), гази табиӣ, намаки ош (Кемпендяй) мавҷуданд.

Эзоҳ вироиш

  1. Ресурсы поверхностных вод СССР: Гидрологическая изученность. Т. 17. Ленско-Индигирский район. Вып. 4. Бассейн р. Лены от устья р. Алдан до устья р. Вилюй и бассейн р. Вилюй / под ред. А. С. Шароглазова. — Л.: Гидрометеоиздат, 1964. — 128 с.

Адабиёт вироиш