Виолончел (итол. Violoncello, кӯтоҳшудааш – Cello) – сози тори камончадорест аз оилаи скрипкаҳо. Ин соз аз скрипкаву алт дида якчанд маротиба калон ва аз контрабас хурд аст. Намудҳои қадимаи виолончелро (пайдоиши он ба охири а. XV ва аввалҳои а. XVI мансуб аст) устоҳои номии итолёвӣ А. ва Н. Аматиҳо, Ҷ. Гварнерӣ, А. Стадивари сохтаанд. Виолончел 4 тор дошта ба фосилаи «квинта»: тори якум ля-и октаваи хурд, тори дуюм ре-и октаваи хурд, тори сеюм сол-и октаваи контроктава ва тори чорум до-и октаваи контроктава ҷӯр карда мешаванд. Диапазони В. 4 октаваро дар бар мегирад.

ТаърихВироиш

Пайдоиши намуду сохти ҳозираи виолончел ба нимаи 2-юми а. XIX мансуб аст. Онро бо тираки (штил) филизӣ ба замин такя кунонда, танаашро байни зонуҳо медоранд ва дар курсӣ нишаста менавозанд. Барои виолончел адабиёти зиёде вуҷуд дорад. Сонатаҳо барои виолончел ва фортепиано эҷод кардаи Л. Бетховен, Ф. Шуберт, Ф. Шопен, И. Брамс, Э. Григ, К. Дебюсӣ, С. Рахманинов ва ғ. репертуари навозандагони сози мазкурро ғанӣ гардонидаанд. Консертҳои барои виолончел ва оркестри симфонии И. Ҳайдн, Л. Боккерини, Р. Шуман, К. Сен-Санс, С. Прокофев, Д. Шостакович, П. Хиндемит ва ғ. дар консертҳо мунтазам иҷро карда мешаванд. Вариатсияҳои консертӣ дар мавзӯи «рококо»-и П. Чайковский бошад дар тамоми дунё машҳур гаштааст. Композиторони тоҷик низ барои ин сози нодир асарҳо эҷод кардаанд: Д. Дӯстмуҳаммадов – Консерт барои виолончел бо оркестри симфонӣ, А. Одинаев – Соната, А. Ҳамдамов – Романс, И. Рогалский-Пиесаи помирӣ, Ё. Сабзанов – Суруд –достон, Ҷ. Охунов – Андеша, А. Ёдгоров – Экспромт ва ғ.[1]

ЭзоҳВироиш

  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.87. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)