Вискоза (аз лот. viscum — сиреш) — маҳлули консентронидаи ксантогенати селлюлоза дар маҳлули сероби ишқори натрий.

Ашёи хоми асосӣ барои истеҳсоли вискоза селлюлозаи чӯб аст. Селлюлоза аввал то ҳосил гаштани селлюлозаи ишқорӣ дар маҳлули обии ишқори натрий нигоҳ дошта мешавад. Сипас онро майда карда, бо мақсади кам кардани массаи молекулавӣ зери таъсири ҳаво сохторашро тағйир медиҳанд. Дар охир бо таъсири карбонсулфид ксантогенати селлюлоза ҳосил ва дар маҳлули обии ишқори натрий (дар ҳарорати 10-12°С) ҳал карда мешавад. Зичии вискоза 1,12 г/см³ аст; рангаш норинҷии равшан. Вискозае, ки барои истеҳсоли нах истифода мешавад, 6,5-9 % селлюлоза (дар шакли ксантогенат), 6,5-7,5 % ишқори натрий, тақр. 2-2,5 % сулфури пайваст, ҳамчунин об ва андаке ғаш (пайвастҳои сулфурдори натрий, карбонатҳо, намакҳои калсий, сулфиди оҳан ва ғ.) дорад. Карбосулфиди озод тадриҷан бо ишқори натрий пайваст гашта, ба тритиокарбонат табдил меёбад. Дар натиҷа ксантогенати селлюлоза гидролиз шуда, дараҷаи этерификатсияи он, инчунин сулфур ва натрий коҳиш меёбад. Гоҳе барои беҳтар кардани сифати онҳо ба вискоза моддаҳои гуногун (ранг, тағйирдиҳандаҳо, моддаҳои фаъол) ҳамроҳ мекунанд. Вискозаро барои ҳосил кардани нахҳои вискозӣ, селлофан, чарми сунъӣ ва ғ. истифода мебаранд.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш