Висла
Висла (Wisla) — бузургтарин дарё дар Лаҳистон. Дарозтарин ва аз ҷиҳати пуробӣ дуюмин (баъди д. Нева) дарёи ҳавзаи баҳри Балтика. Тӯлаш 1047 км. Масоҳати ҳавзааш 198,5 ҳазор км². Аз Карпати Ғарбӣ (Бескиди Силезия), дар баландии 1065 м аз с. б. сар шуда, ба халиҷҳои Гданск ва Вислин мерезад. В. дар маҷрои болоӣ аз дараҳо ҷорӣ мешавад ва пуртуғён аст. Поёнтар аз Краков ба он шохобҳо ҳамроҳ шуда, пуроб мегардад. Дар маҷрои мобайнӣ, дар наздикии Варшава аз самти шимол ба ғарб ҷорӣ мешавад. Ҷанубтар аз ш. Торун боз ба самти шимол ҷорӣ шуда, қатортеппаҳои Балтикаро бурида мегузарад. 50 км аз баҳр ба шохобҳо (Ногат, В.-и Мурдоб ва ғ.) ҷудо шуда, резишгоҳи васеъро ба вуҷуд овардааст. Дар он қисмати резишгоҳ, ки аз с. б. паст аст, бандҳои муҳофизатӣ сохта шудаанд. Шохобҳои бузургаш: аз рост — Дунаес, Вепш, Буг, Сан; аз чап — Пилитса ва Брда. Баҳор пуроб, тобистон камоб мешавад. Сарфи миёнаи об 1090 м3/с. Маҷрои мобайнӣ ва поёнии В. киштигард (қариб 950 км) аст. В. ба воситаи наҳрҳо бо д-ҳои Одра (наҳри Бидгош) ва Днепр (наҳри Днепр — Буг) алоқаманд аст. Дар В. якчанд обанбор ва НБО сохта шудаанд. Дар соҳилҳои В. ш-ҳои бузурги Краков, Варшава, Плоск, Торун ва дар резишгоҳаш ш. Гданск воқеанд. Оби В.-ро обҳои ҷории корхонаҳои саноатӣ ва маишӣ олуда мекунанд.
• Координатаҳо | [[Гурӯҳ:Қуттии дарё: Викимаълумот: истифодабарии таркиб: координатаҳо|]] |
---|---|
Мавқеъ | |
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Висла // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.