Владимир Вернадский

Влади́мир Ива́нович Верна́дский (укр. Володи́мир Іва́нович Верна́дський; 28 феврал [12 март] 1863[1], Санкт-Петербург[2]6 январ 1945[2][1][3][…], Маскав[2]) — табиатшинос, мутафаккир ва арбоби ҷамъиятии шӯравӣ. Академики АИ императории Санкт-Петербург, АИ ИҶШС, президенти аввалини АИ Украина (1919).

Владимир Вернадский
русӣ: Влади́мир Ива́нович Верна́дский
укр. Володи́мир Іва́нович Верна́дський
русӣ: Владиміръ Ивановичъ Вернадскій
Таърихи таваллуд 28 феврал (12 март) 1863[1]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 6 январ 1945(1945-01-06)[2][1][3][…] (81 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ заминшиносӣ, булӯршиносӣ[4], конишиносӣ, Заминшимӣ, Q3652545?, зистшиносӣ, Биогеокимиё[4], фалсафа ва history of geology[d]
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: doctor rerum naturalium[d] ва doctor[d]
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Василий Докучаев[d] ва Andreas Artsruni[d]
Шогирдон Alexander Fersman[d], Veniamin Silbermintz[d] ва Bruno Brunowsky[d]
Ҷоизаҳо
ордени Байрақи Сурхи Меҳнат Order of Saint Anna, 2nd class Order of Saint Stanislaus, 2nd class
Ҷоизаи давлатии СССР Мукофоти сталинӣ
Имзо Имзо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома вироиш

Хатмкардаи факултаи физикаву математикаи Донишгоҳи Петербург (1885). Дотсенти кафедраи минерология (1890) ва профессори Донишгоҳи давлатии Маскав (1898—1911). Аз соли 1914 директори Осорхонаи геология ва минералогияи АИ Петербург, директори Институти давлатии радий (1922—1939). Ба ташкили экспедитсияҳо ба гӯшаҳои гуногуни ИҶШС, аз ҷумла Осиёи Миёна ва ташкили заминаи ташхисӣ ҷиҳати иктишоф ва омӯзиши маъданҳои радиофаъол саҳми калон гузоштааст. Солҳои 1915—1930 раиси Комиссия дар бораи омӯзиши қувваҳои истеҳсолии Русия, яке аз таҳиягарони нақшаи ГОЭЛРО буд. Соли 1927 дар АИ ИҶШС шуъбаи «Маводди зинда»-ро ташкил дод. Владимир Вернадский ба илми биокимиё асос гузошта, барои рушди геокимиё саҳмгузорӣ намудааст. Инчунин таълимот дар бораи обҳои табиӣ ва биосфераи Заминро ба вуҷуд оварда, таҳти таъсири тафаккури башарият ва меҳнати инсон ногузир ба ноосфера табдил ёфтани онро пешгӯӣ кард. Владимир Вернадский яке аз мутафаккирони асосии равияи «космизм»-и рус мебошад. Соли 1940 бо ташаббуси Владимир Вернадский таҳқиқоти уран барои ҳосил кардани неруи ҳастаӣ оғоз гардид. Владимир Вернадский ҷиҳати омӯзиши сохти силикатҳо, геокимиёи унсурҳои нодир ва пароканда, иктишофи маъданҳои радиофаъол, мақоми организмҳо дар равандҳои геокимиёӣ ва ғайра саҳми бузург гузоштааст. Владимир Вернадский муаллифи зиёда аз 700 асари илмӣ мебошад. Дорандаи Мукофоти давлатии ИҶШС (1943).

Эзоҳ вироиш

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 2.2 2.3 2.4 2.5 Виноградов А. П. Вернадский Владимир Иванович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохоров — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1971. — Т. 4 : Брасос — Веш. — С. 536—537.
  3. 3.0 3.1 Энциклопедия Брокгауз (нем.) / Hrsg.: Bibliographisches Institut & F. A. Brockhaus, Wissen Media Verlag
  4. 4.0 4.1 https://aleph.nkp.cz/F/?func=find-c&local_base=aut&ccl_term=ica=jn19990210649

Адабиёт вироиш