Владимир Муллоҷонов

Муллоҷонов Владимир Саидович (тав. 23. 12. 1949, ш. Душанбе – ваф. 12. 11. 2004, ш. Душанбе), педагог, номзади илмҳои педагогӣ (1990), дотсент (1993).

Владимир Муллоҷонов

Зиндагинома вироиш

Соли 1975 факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст. Солҳои 1975–1976 муаллими мактаби миёнаи № 65 ш. Душанбе, 1976–1977 директор ва муаллими мактаби миёнаи № 29 ш. Душанбе, 1977–1979 директори Қасри пионерони Тоҷикистон, 1979–1982 аспиранти кафедраи педагогикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко, 1982–1996 муаллими калон ва дотсенти кафедраи комсомоливу пионерӣ ва педагогикаи умумии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ буд. Солҳои 1996–2004 ҳамчун директори мактаби миёнаи № 14 ш. Душанбе кор кардааст. Дар давоми фаъолияти 14 солаи омӯзгориаш дар донишгоҳи омӯзгорӣ дар тарбияи ҳазорҳо нафар мутахассисон саҳми арзандаи худро гузоштааст. Муаллифи мақолаҳои зиёди илмию оммавӣ буд, ки дар нашрияҳои мухталифи ҷумҳурӣ чоп шудаанд. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» қадр карда шудааст.

Пайвандҳо вироиш

Эзоҳ вироиш

Пайвандҳо вироиш

Манобеъ вироиш