Воеводский, Михаил Ваславович

Воеводский Михаил Ваславович (русӣ: Михаил Вацлавович Воево́дский; (1903, Смоленск — 1948, Маскав) — бостоншиноси рус, мутахассиси асри санг.

Воеводский, Михаил Ваславович
Таърихи таваллуд: 29 август 1903(1903-08-29)
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 23 октябр 1948(1948-10-23) (45 сол)
Маҳалли даргузашт:
Кишвар:
Фазои илмӣ: Бостоншиносӣ
Ҷойҳои кор:
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои таърих[d]
Алма-матер:

ЗиндагиномаВироиш

Михаил Воеводский дар Сомоленск таваллуд шуда, аз ибтидои садаи XX ҳамроҳи оилааш ба Осиёи Миёна муҳоҷир шуда, мактаби миёнаро дар шаҳри Самарқанд хатм кард. Баъди баргаштан ба Маскав (соли 1923) то охири умраш дар Осорхонаи антропологияи Донишгоҳи давлатии Маскав, ҳамзамон Академияи таърихи маданияти моддӣ (аз соли 1937 Институти таърихи маданияти моддӣ) фаъолият дошт. Дар заминаи омӯзиши ёдгориҳои бостонии Аврупои Шарқӣ мавҷудияти мезолитро ҳамчун як марҳилаи хосси асри санг (байни палеолит ва мезолит) асоснок кард. Михаил Воеводский ба экспедитсияҳои бостоншиносии осиёимиёнагӣ (1928-29), Хоразм (1935), Ок (1936), Самарқанд (1939) ва Деснин (1936-41, 1945-48) роҳбарӣ кардааст, ки дар натиҷа барои омӯзиши ёдгориҳои Оқтеппа, Анов, қӯрғонҳои ҳавзаи дарёи Чирчиқ, шаҳри асримиёнагии Замаҳшар маълумотҳои муҳим ба даст омаданд. Михаил Воеводский барои таҳқиқи қабатҳои маданӣ якчанд усули ковиши бостоншиносии саҳроиро истифода бурда, мутахассисони илмҳои дақиқро ба ҳамкорӣ даъват мекард. Омӯзиши технологияи коркарди маснуоти сафолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки таҳқиқи Михаил Воеводский буд.

ЭзоҳВироиш

АдабиётВироиш

  • Чабур А. А. Михаил Вацлавович Воеводский: страницы биографии. К 100-летию со дня рождения. Очерки истории Брянской археологии, выпуск 1. Брянск, 2003;
  • Чабур А. А. Десянский палеолит. Проблемы истории исследований, историографии и источниковедения, М., 2005.

СарчашмаВироиш

  • Воеводский Михаил Ваславович / С. Ҳусайнов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2017, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.