Эшонхоҷаи Вола (форсӣ: ایشان‌خواجه ‌واله‎; ? — 1868/69) — шоири тоҷик.

Вола, Эшонхоҷа
Таърихи таваллуд: 1770
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1842
Маҳалли даргузашт:
  • номаълум
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: тоҷикӣ ва ӯзбекӣ

Зиндагинома вироиш

Аз содоти Самарқанд. Дар Янгиқӯрғони Самарқанд зиндагӣ ва эҷод менамуд. Аз маълумоти Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ дар «Туҳфату-л-аҳбоб фӣ тазкирати-л-асҳоб» бармеояд, ки донандаи Қуръон будааст. Возеҳ инчунин ӯро хушсуҳбату некумуҳовара, дар боби ёфтани моддаи таърих ва шикофтани муаммо салиқаманд тавсиф кардааст. Ба форсӣ ва туркӣ содаву ба фаҳми омма наздик шеър мегуфтааст. Намунаҳои ашъораш дар тазкираву баёзҳои садаи XIX сабт гардидаанд. Абёти зерин намунае аз офаридаҳои Вола мебошанд:

Ба пешат гул зи лофи нозукӣ шармандагӣ дорад,
Зи қаддат сарви бустон иддиои бандагӣ дорад.
Бунафша дид то рӯзе хатти сунбулфишонатро,
Ҳанӯз аз бори хиҷлат сар ба зер афкандагӣ дорад.
Лутфи чарх аз аҳли дониш бо сафиҳ афзунтар аст,
Тифлро модар зи фарзандони бузрук беҳтар аст.
Илму донишро набошад қадр андар рӯзгор,
Рутбааш бартар бувад он кас, ки ҷоҳаш бартар аст.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Ганҷи Зарафшон // Тартибдиҳанда ва муаллифи сарсухан А. Абибов. Д., 1991;
  • واضح قا رى رحمت الله. تحفة الا احبا ب فى تذ كرة الاصحا ب. دوشنبه 1977

Сарчашма вироиш