Волт — воҳиди фарқи потенсиалҳо, шиддати барқӣ ва қувваи ҳаракатдиҳандаи барқ (ҚҲБ) дар Силсилаи байналмилалии воҳидҳо.

Ба ифтихори олими итолиёӣ Александро Волта (1745 – 1827) номида шудааст. Ишораташ В (V). Волт шиддати барқиест, ки ҳангоми 1 Ватт будани тавоноӣ дар занҷир ҷараёни доимии қуввааш 1 Амперро ҳосил мекунад, яъне: 1В = 1Вт/1А. Инчунин Волт шиддат ё қувваи ҳаракатдиҳандаи барқе мебошад, ки дар ноқили муқовиматаш 1 Ом ҷараёни 1 Амперро ба вуҷуд меорад, яъне: 1В = 1Ом ∙ 1А.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш