«Вофӣ би-л-вафаёт» (ар. الوافى بالوفيات‎) — асари Салоҳуддин Халил ибни Ойбеки Сифдӣ (фавт 1362); таърихномаи бузурги шахсиятҳои маъруфи олами исломӣ, ки ҳамчун зайл ва такмила бар «Вафаёту-л-аъён» таълиф шудааст.

Вофӣ би-л-вафаёт
Нигора
Унвони мақола ар. الوافي بالوفيات
Нашр(ҳо) ё тарҷума(ҳо) Q113528574?
Нависанда Ṣafadī, Khalīl ibn Aybak[d]
Забони навиштаҷот ё осор/асар арабӣ

Муаллиф дар он шарҳи ҳол ва зиндагиномаи 12 ҳазор шахсияти маъруфу машҳури замонҳои гуногун, аз қабили саҳобаҳо, тобеин, подшоҳон, амирон, қозиён, омилони хароҷ, мутакаллимон, фақеҳон, муҳаддисон, муфассирон, қориёни маъруф, пешвоёни тариқат, наҳвиёну адибон, шоирон, табибон, ҳакимон, намояндагони мазҳабҳову фирқаҳои эътиқодӣ ва ғ.-ро ба тартиби алифбо ёд кардааст. Китоб бо муқаддимаи муфассали муаллиф дар баёни илми таърих ва таърихнигорӣ оғоз ёфтааст. Сипас муаллиф нахуст зиндагинома, ҳаёт ва фаъолияти Пайғамбар (с)-ро оварда, баъд аз он ба баёни асли матлаб пардохтааст. Аз ин китоб нусхаҳои хаттии зиёде дар китобхонаҳои ҷаҳон мавҷуданд ва нусхаи аз ҳама комил ва беҳтарини он, ки ду бор бо дастхатти худи муаллиф муқобала шудааст, дар китобхонаи Сулаймонияи Туркия зери рақами 840 маҳфуз аст. «Вофӣ би-л-вафаёт» чандин бор чоп шудааст (ахиран ба таври илмӣ дар 29 ҷилд соли 2000 дар Бейрут).

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • صلاح الدين الصفدى. الوافى بالوفيات. 29 مجلد. بيروت، 2000؛
  • حاجى خليفة. کشف الظنون عن اسامى الكتب و الفنون. جلد 2. بيروت، 2007

Сарчашма вироиш