Газҳои оташфишонӣ, газҳои вулканӣ — газҳое, ки дар вақти оташфишонӣ ва баъди он аз танӯра ва тарқишҳои воқеъ дар нишебиҳои вулкан, аз селоби гудозаҳо ва ҷинсҳои прокластикӣ (тарканда) хориҷ мешаванд.

Газҳои оташфишонӣ шабона, Килауэа

Газҳои оташфишонии дар вақти оташфишонӣ аз танӯраи вулкан хориҷшавандаро газҳои эруптивӣ ва газҳои боқимондаро, ки аз қитъаҳои ҷудогонаи танӯра ва сатҳи селобаи гудозаҳо баъди хомӯш гаштани оташфишонӣ хориҷ мешаванд, газҳои фумаролӣ меноманд. Газҳои эруптивӣ хусусияти оташфишонии таркишро муайян мекунанд ва ба ҷоришавии гудоза таъсир мерасонанд. Газҳои оташфишонӣ, асосан, аз буғ (50-85 %), беш аз 10 % гази карбон, 5 % гази сулфид, 2-5 % хлорид, 0, 02-0, 05 % фторид, инчунин ба миқдори кам ҳидроген, сулфид, метан иборат аст. Гази фумаролӣ омехтаи газҳоест, ки аз гудозаҳо ё ҷинсҳои пирокластӣ хориҷ мешаванд. Газҳои оташфишонӣ аз минтақаи обҳои зеризаминӣ гузашта, чашмаҳои оби гарми сершумор ба вуҷуд меоваранд.

Эзоҳ вироиш


Сарчашма вироиш