Галаҷазира — гурӯҳи ҷазираҳое, ки дар масофаи ба якдигар наздик воқеъ гашта, асоси умумӣ, пайдоиши яксон ва сохти заминшинохтии ба ҳам наздик доранд.

Пайдоиши баъзе ҷазираҳои галаҷазираҳо гуногун аст. Вобаста ба ин галаҷазираҳо материкӣ (Замини Нав), вулканӣ (ҷазираҳои Гавай) ва марҷонӣ (ҷазираҳои Маршалл) мешаванд. Калонтарин галаҷазираҳои олам: Азор, Аланд, Антил, Бисмарк, Ҳавайӣ, Гебрид, Замини Франс-Иосиф, Замини Нав, Зеландияи Нав, Каролин, Кергелен, Замини Шимол, Норманд, Фолкленд, Чили, Шантар, Шотландияи Ҷанубӣ, Шписберген, Ҷопон.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш