Галванотехника — соҳаи электрокимиёи амалӣ, ки равандҳои таҳшинонии электролитии филиззҳоро дар сатҳи маҳсулоти филиззӣ ва ғайрифилиззӣ дар бар мегирад.

Раванди галванотехника ба кристаллбандии филиззҳо ҳангоми гузаштани ҷараёни электрии доимӣ аз маҳлулҳои обии намакҳои онҳо асос ёфтааст. Ионҳои мусбат заряднокшудаи филизз бо электронҳо пайваст шуда, дар сатҳи маҳсулоти рӯйпӯшшаванда (дар галваностепия) ё дар рӯйи қолабҳои махсус, ба ном матритсаҳо (дар галванопластика) дар шакли филиззи холис таҳшин мешаванд. Асосҳои раванди галванотехникаро Б. С. Якоби кашф намудааст. Равандҳои галванотехникаро барои бо филизз рӯйпӯш кардани сатҳи маҳсулот, ба даст овардани нусхаҳои саҳеҳи филиззӣ, мас., қолибҳои чопӣ, муҳрҳои гуногун ва ғ. истифода мебаранд.

Сарчашма

вироиш