«Ганҷнома» (форсӣ: گنجنامه‎) — фарҳанги тафсирии вожаҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, ки Алӣ ибни Тайфури Бистомӣ соли 1659 таълиф кардааст.

Чунонки муаллиф дар дебочаи асараш овардааст, ба сабаби он ки «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ «наводири ахбори салотини номдор», «ганҷнома», фарҳанге аз луғоти бостонӣ ва хазинае аз ибороти деҳқонӣ будааст, вай калимоти онро бо шавоҳид дар «Ганҷнома» шарҳу тафсир кардааст. Дар тартиби калимаҳо ҳуруфи аввалу сонӣ муроот шудааст. Тарзи хониши калимаҳо бо ҳаракатҳо ишора гардидааст. Барои тақвияти фикр аз абёти «Шоҳнома» шоҳидҳои луғавӣ омадаанд. Дар дебочаи «Ганҷнома», ки ба панҷ «Мазмун» (бахш, фасл) тақсим шудааст, муаллиф аз хусуси исми Порс, теъдоди забонҳои Порс, фасоҳати забони форсӣ, пешвандҳову пасвандҳои забони форсӣ, ҳуруфу калимоте, ки барои ороиши сухан ба кор бурда мешаванд, баҳс оростааст. Нусхаи дастнависи «Ганҷнома», ки иборат аз 405 сафҳа буда, ба дасти худи муаллиф китобат шудааст, дар Китобхонаи Осафияи Ҳайдарободи Дакан нигаҳдорӣ мешавад.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • شهریارنقوی. فرهنگنویسیدرهندوپاکستان،تهران،١٣٦١هـ. ش.ر

Сарчашма вироиш