Гарави воситаҳои ғайриманқул

Гарави воситаҳои ғайриманқул (Ипотека) — навъи гараваст, ки молу милки ба гарав гузошташуда дар истифодаи гаравдеҳ ва ё шахси сеюм боқӣ мемонад.

Предмети гарави воситаҳои ғайриманқул корхонаҳо, иморатҳо, бино, иншоот, манзили иқоматӣ (квартираҳо) дар биноҳои бисёрҳуҷра, воситаҳои нақлиёт ва дигар молу милке, ки аз муомилоти гражданӣ гирифта нашудааст, буда метавонад (моддаи 362 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон). Молу милке, ки таҳти гарави воситаҳои ғайриманқул қарор дорад, ба гаравгир дода намешавад (моддаи 367 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон). Шартномаи гарави воситаҳои ғайриманқул бояд дар шакли хаттӣ баста ва аз ҷониби идораи нотариалӣ тасдиқ карда шавад (моддаи 368 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон). Ҳангоми гарави воситаҳои ғайриманқул, мас., корхона ҳуқуқи гарав ба тамоми молу милки манқул ва ғайриманқули ба он дохилшаванда, мас., ҳуқуқи талаб кардан ва ҳуқуқи истисно, аз ҷумла ҳуқуқе, ки дар давраи гарави воситаҳои ғайриманқул ба даст оварда шудааст, агар дар қонун ва ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, пайдо мекунад (моддаи 369 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон). гарави воситаҳои ғайриманқул дар фаъолияти бонкҳо васеъ истифода мешавад. Дар аксари кишварҳо мақомоти ҳукуматӣ моликияти шаҳрвандонро ба қайд гирифта, масъалаҳои ба гарав мондани онҳоро назорат ва идора менамоянд. Мас., ҳангоми ба гарав қабул кардани хонаи шаҳрванд ё бинои корхона бонк ба сохтори дахлдори ҳукумати маҳаллӣ муроҷиат мекунад. Агар ин моликият ба гарав гузошта шуда бошад ё онро ҳабс карда бошанд, сохтори ҳукуматӣ барои дубора ба гарав гузоштани он иҷозат намедиҳад. Дар сурати аз тарафи соҳиби воситаҳои ғайриманқул (шахси воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ) иҷро накардани уҳдадориҳои ба зимма гирифташуда амволи ғайриманқул дар музояда ба фурӯш бароварда шуда, баргардонидани қарз таъмин карда мешавад.

Нигаред вироиш

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон. Қисми II (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1999, № 12; 2002, № 4, қисми 1; 2006, № 4; 2009, № 12; 2010, № 7;
  • Раҳимзода Ш. Муомилоти пулӣ ва қарз. Д., 2009.

Сарчашма вироиш