Мануэл Гарсия
Мануэл Гарсия (испанӣ: Manuel del Pópulo Vicente García; номи пурра Мануэ́л дел Пóпуло Висéнте Гарси́а; 21 январи 1775, Севиля, Испониё — 10 июни 1832, Порис, Фаронса) — сароянда (тенор), гитаранавоз, оҳангсоз ва муаллими суруд; поягузори мактаби сарояндагӣ дар Лондон (1823) ва Порис (1829).
Мануэл Гарсия | |
---|---|
![]() | |
Иттилооти асосӣ | |
Ном ба ҳангоми таваллуд | испанӣ: Manuel del Pópulo Vicente García |
Таърихи таваллуд | 22 январ 1775 ё 21 январ 1775[1][2] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 9 июн 1832[3][4] (57 сол) ё 10 июн 1832[2] (57 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Пеша(ҳо) | оҳангсоз, сарояндаи опера, vocal coach, мусиқидон, impresario, maestro, тенор |
Навъи садо | тенор |
Сабк | опера |
![]() |
ФаъолиятВироиш
Нахустин иҷрокунандаи партияҳо дар операҳои «Ҷашни арӯсии Фигаро» (Мадрид, 1802) ва «Сартароши севилӣ» (Рум, 1816). Аввалин тенори Театри итолиёии Порис (аз соли 1816). Ҳамроҳи фарзандонаш дар бисёр шаҳрҳои Аврупову Амрикои Шимолӣ ҳунарнамоӣ кардааст. Духтаронаш М. Малибран (1808–36), П. Виардо-Гарсиа (1821–1910) ва писараш Мануэл Патрисио Родригес Мануэл Гарсиа низ сароянда ва шогирдони ӯ буданд. Ҳамчун муаллифи операҳои мазҳакавӣ ва пйесаҳои хурди мусиқиву драмавӣ машҳур буд. Суруди ӯ «Хидматгори қалбакӣ»-ро Ж. Бизе дар операи «Кармен» истифода бурдааст. Мануэл Патрисио Родригес Мануэл Гарсиа, сароянда (бас), муаллими суруд, доктори илмҳои тиб. Бори нахуст ҳамчун сарояндаи опера ҳангоми сафарҳои ҳунарӣ бо падараш ба шаҳрҳои ИМА (1825–28) ҳунарнамоӣ кардааст. Соли 1829 дар мактаби сарояндагии дар Порис ташкилкардаи падараш ба фаъолияти омӯзгорӣ пардохт. Дар Консерваторияи Порис (1842–50) дарси овозхонӣ медод. Муаллифи чандин асари муҳимми методӣ. Дар соҳаи омӯзиши физиологияи овози одам (оид ба ҳунари сарояндагӣ) низ кор кардааст. Соли 1885 ларингоскоп (асбоб барои таҳқиқи ҳалқум)-ро ихтироъ кард. Принсипҳои педагогии Мануэл Гарсиа ба инкишофи ҳунари сарояндагии садаи XIX таъсири зиёд расонданд. Сарояндагон Ҷ. Линд, М. Маркези де Кастроне, Генриетта Ниссен – Саломан, Ю. Штонхаузен, К. Эверарди аз ҷумлаи шогирдони ӯ буданд.
ЭзоҳВироиш
- ↑ Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 2.3 https://www.digitalarchivioricordi.com/it/people/display/16210 — 1808.
- ↑ German National Library, Berlin State Library, Bavarian State Library, Austrian National Library Record #119186497 // Общий нормативный контроль (GND) — 2012—2016.
- ↑ International Music Score Library Project — 2006.
АдабиётВироиш
- Энциклопедический словарь Брокгауза и Ефрона. В. 86 томах. СПб., 1890–1907;
- Большая советская энциклопедия. Т. 6. М., 1971;
- Новая российская энциклопедия. Т. IV (2). М., 2008.
СарчашмаВироиш
- Гарсиа // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2017, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.