Гастрол (олмонӣ: Gastrolle, аз Gast — «меҳмон» ва Rolle — «нақш»), сафарҳои ҳунарӣ — ҳунарнамоии ҳунарпеша ва ё гурӯҳи ҳунарпешагон берун аз ҷойи корашон дар дигар ноҳия, шаҳр, кишвар.

Аз садаи XVIII ва хусусан аз нимаи 2-юми садаи XIX шурӯъ карда (чи дар мамлакаташон ва чи дар хориҷа) ҳунарпешагони маъруф Сара Бернар, Э. Дузе, Т. Салвини, П. Н. Орленов, В. Ф. Комиссаржевская, Э. Карузо, А. Патти, Ф. И. Шаляпин бо фаъолияти гастролӣ машғул буданд. Аз охири садаи XIX ва садаи XX гастроли театрҳо бо ҳайати ҳунарпешагони асосии театр ва ороишоти комили саҳна оғоз гардид. Барои рушди фарҳанги умумиҷаҳонии театрӣ сафарҳои Театри давлатии Мейнингени С. П. Дягилев (дар он А. П. Павлов, Е. В. Гелтсер, М. М. Фокин ва дигарон ширкат доштанд), Театри давлатии бадеии Маскав аҳаммияти бузург доштанд.

Дар замони шӯравӣ намоиши беҳтарин намоишномаҳо дар фестивалҳо, азназаргузарониҳо, олимпиадаҳо ва ғ. инкишоф ёфт. Дар Тоҷикистони шӯравӣ аз солҳои аввали ташкилёбиаш дастаҳои ҳунарӣ созмон дода шуданд, ки барои заҳматкашон консертҳо намоиш дода, табъи онҳоро болида менамуданд. Ҳунармандони тоҷик дар солҳои ҶБВ (1941-45) борҳо ба ҷабҳаҳо сафарҳои ҳунарӣ намуда, ҷанговаронро бо шеъру суруд ва рақсҳои тоҷикӣ шод гардонида буданд. Сафарҳои ҳунарии ҳофизони номии Тоҷикистон А. Ҷӯраев, З. Нозимов, О. Ҳошим, Ҷ. Муродов ва дигарон ҳамеша ба мардум шодиву фараҳ мебахшиданд. Ҳоло дар ҷумҳуриамон ансамблҳои рақсии «Лола», «Зебо», «Фирӯза», «Ҷаҳоноро», «Падида», Ансамбли эстрадии «Гулшан», Ансамбли давлатии «Шашмақом»-и ба номи Ф. Шаҳобов, Ансамбли бонувони рубобнавози «Чаман»-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон, ансамблҳои фолклорию этнографии «Фалак», «Ганҷина», Ансамбли созӣ-овозии «Дарё» ва ғ. амал доранд, ки ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва берун аз Тоҷикистон сафар карда, ҳунари волои мардуми тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд. Ҳамчунин ҳунарпешагони маъруфи тоҷик ба давлатҳои хориҷии дуру наздик сафарҳои ҳунарӣ карда, консертҳо намоиш медиҳанд.

Сарчашма

вироиш