Га̀строскопи́я (аз юн.-қад. γαστήρ — «меъда» ва σκοπέω — «мебинам»); номи аниқтараш — эзофагогастродуоденоскопия (ЭГДС) — муоинаи девораи даруни меъда ба воситаи асбоби махсус — гастроскоп.

Гастроскоп ба меъда аз даҳону сурхрӯда ворид карда мешавад. Гастроскопияро духтури мутахассис бо мақсади ташхиси бемориҳои меъда (реш, қарҳа — эрозия, илтиҳоб, омос) ва ошкор намудани манбаи хуншорӣ анҷом медиҳад. Гастроскоп найчаи нарм, линза ва чароғак дорад.

Нигаред низ

вироиш

Сарчашма

вироиш