Гелиофизика (аз гелио ва физика) — физикаи Офтоб, бахши астрофизика аст, ки бо муаммоҳои физикии Офтоб сару кор дорад. Истифодаи методҳои таҳқиқотии тайфбинӣ, тайфшиносӣ, фотометрӣ, фотографӣ ва радиоастрономӣ имкон медиҳад, ки дар бораи ҳарорат, зичӣ, суръати ҳаракати мода дар атмосфераи Офтоб, дар бораи ангезиш ва иониши атомҳои унсурҳои кимиёвӣ, майдонҳои электрӣ ва магнитии Офтоб, ҳолат, андоза ва сохтори ташкилаҳои сатҳи он ва тағйирёбии ин параметрҳо вобаста аз вақт омӯхта шавад. Дар асоси истифодаи методҳои физикаи назариявӣ моделҳои физикии Офтоб ва ташкилаҳои он сохта мешавад[1].

Эзоҳ вироиш

  1. Гелиофизика - «Энциклопедия»(рус.). Большая российская энциклопедия. 3 октябри 2017 санҷида шуд.