Гео́ргий XII (10 октябри 1746 — 28 декабри 1800) — охирин шоҳи Картли-Какҳети (аз соли 1798), писари Ираклийи II.

Георгий XII
Giorgi XII of Georgia.jpg
Средний герб Российской Империи - корона Грузинская.jpg
Таваллуд 10 ноябр 1746(1746-11-10)
Даргузашт 28 декабр 1800(1800-12-28)[1] (54 сол)
Мадфан
Ҷинс Bagrationi dynasty[d][1]
Падар Heraclius II of Georgia[d]
Модар Anna Abashidze[d]
Ҳамсар Mariam Tsitsishvili[d][1] ва Ketevan Andronikashvili[d][1]
Фарзандон David Bagrationi[d], Prince Ioane of Georgia[d][1], Ilia of Georgia[d], Prince Teimuraz of Georgia[d], Bagrat of Georgia[d], Prince Mikheil of Georgia[d], Prince Jibrael of Georgia[d], Okropir, son of George XII of Georgia[d] ва Nino of Mingrelia[d]
Эътиқод Georgian Orthodox Church[d]
Соядаст George XII of Georgia signature.svg
Ҷоизаҳо
Order of St. Andrew Order of St. Alexander Nevsky
Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор

Дар ҷанги Русия ва Туркия (1768-74) Георгий XII ҳамроҳи падараш аз русҳо ҷонибдорӣ карданд. Ираклийи II ва писараш Георгий XII барои пуштибонӣ ва мубориза ба муқобили Эрону Туркия ба Санкт-Петербург ҳайати сафорат фиристода, ба Созишномаи георгиевӣ (24.7.1783) имзо гузоштанд, ки мувофиқи он ҳудуди Гурҷистони Шарқӣ ҳамчун протекторат ба ҳайати Руссия дохил шуд. Баъди ҳуҷуми Оғо Муҳаммади Қоҷор ба ҳудуди Картли-Какҳети (соли 1795) ва харобшавии шаҳри Тифлис Ираклийи II ҳукуматро ба Георгий XII ва дигар писаронаш вогузор намуд. Дар аҳди шоҳии Георгий XII робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва ҳамкории ҳарбӣ бо Руссия густариш ёфт. Император Павели I соли 1799 сафири мухтореро бо ваколати вазирӣ фиристод, ки дар ҳузури ӯ маросими тахтнишинии Георгий XII дар Картли-Какҳети баргузор шуд. Георгий XII апрели 1800 бинобар афзудани таҳдиди кишварҳои хориҷӣ ва нооромиҳои дохилӣ аз император Павели I расман дархост намуд, ки шоҳии Картли-Какҳетиро ба ҳайати Руссия дохил кунад. Баъди имзои манифест аз ҷониби Павели I (22.12.1800) Гурҷистони Шарқӣ (Картли-Какҳети) бо марказаш ш. Тифлис ҳамчун губерния ба ҳайати Руссия дохил шуд. Баъди марги Георгий XII хонадони Ираклийҳо ва Багратиониён аз тахт маҳрум гаштанд (аз соли 1801).

ЭзоҳВироиш

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 1.5 1.6 WikiTree (ингл.) — 2008.

АдабиётВироиш

  • Вахушти Багратиони. История царства Грузинского. Тбилиси, 1976;
  • Георгиевский трактат: Исследование, документы, фотокопии. Тбилиси, 1983.

СарчашмаВироиш