Герман, Александр Петрович

Алекса́ндр Петро́вич Ге́рман (22 октябри 1874, Вятка, ҳоло Киров — 30 ноябри 1953, Ленинград, ҳоло Санкт-Петербург) — олими соҳаи механикаи кӯҳкорӣ, профессор (1914), доктори илмҳои техникӣ (1935), академики АИ ИҶШС (1939).

Герман, Александр Петрович
Таърихи таваллуд: 20 октябр (1 ноябр) 1874
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 30 ноябр 1953(1953-11-30)[1] (79 сол)
Маҳалли даргузашт:
Кишвар:
Ҷойҳои кор:
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои техникӣ[d]
Алма-матер:
Ҷоизаҳо:
ордени Ленин ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ордени «Нишони Шараф» Медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941—1945»

ЗиндагиномаВироиш

Хатмкардаи факултаи физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Петербург (1897) ва Ин-ти кӯҳкории Петербург (1903). Аз соли 1907 муаллими Ин-ти кӯҳкории Петербург. Солҳои 1915-18 мудири кафедра, 1918-45 ёвари директор ва аз соли 1945 ноиби ректор оид ба илми Ин-ти кӯҳкории Петроград (минбаъд Ленинград) буд. Бунёдгузори назарияи механикии кӯҳкорӣ оид ба таҷҳизоти конҳо, мошинаҳои термикии филиззот асарҳои илмӣ интишор кардааст. Соли 1912 бори нахуст шароити мусоиди ақибзании термодинамикии турбинаҳои буғиро ба таври таҳлилӣ муайян намуд. Александр Герман динамикаи дар конҳо ба тариқи автоматӣ бардоштани маъданро бо усули таҳлилӣ ҳаматарафа таҳқиқ кард. Дар сохтани лоиҳаи корхонаҳои бузурги кӯҳкории Донбасс, Урал, Кузбасс, Қарағанда ва Ткварчели ширкат варзидааст.

ҶоизаҳоВироиш

Бо 2 ордени Ленин, 3 ордени дигар ва медалҳо сарфароз гардидааст.

ЭзоҳВироиш

  1. 1.0 1.1 Герман Александр Петрович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.

АдабиётВироиш

  • Анисимова З. И. Александр Петрович Герман. М., 1950;
  • Зодчие Санкт-Петербурга. XX век/Сост. В. Г. Исаченко. СПб., Санкт-Петербург. 2000.

СарчашмаВироиш