Гилдияҳо (олмонӣ: Gilde— иттиҳод) — иттиҳодияҳои тиҷоратӣ, ҳунармандӣ, сиёсӣ, низомӣ ва мазҳабӣ дар Аврупои асримиёнагӣ.

Дар асоси созишномаҳо ихтиёрӣ ташкил ёфта, ойинномаи худро доштанд. Гилдияҳои динӣ дар асрҳои 6-8 хеле паҳн гардида буданд ва сокинони шаҳрҳову маҳалҳои ҷудогонаро муттаҳид мекарданд. Ҳуҷҷати қадимтарин дар бораи вуҷуд доштани гилдияҳо ба соли 779 рост меояд. Дар асрҳои 14 ва 15 Гилдияҳо дар ҳама шаҳрҳои Аврупо вуҷуд доштанд. Дар охири асри миёна Гилдияҳо мавқеи худро ба дигар иттиҳодияҳои тиҷоратӣ доданд. Дар Русия гилдияҳо аз асри 18 то 1917 вуҷуд доштанд. Гилдияҳо аз рӯи дараҷаи дороии аъзои худ ба чанд гурӯҳ тақсим мешуданд.

ЭзоҳВироиш

СарчашмаВироиш