Гипотеза (ҳуқуқ)

(Тағйири масир аз Гипотеза)

Гипотеза (юн.-қад. ὑπόθεσις — фарзия) — қисми таркибии меъёри ҳуқуқ мебошад, ки ба шартҳои амалишавии он ишора менамояд, ба мисли синну сол (ба синни никоҳӣ расидан барои бастани ақди никоҳ, нафақа гирифтан ҳангоми ба синни нафақа расидан ва ғайра), вақт (дар вақти ҷанг), ҷой (майдони ҷанг) ва ба мисли инҳо. На дар ҳама маврид гипотеза дар меъёри санади ҳуқуқӣ нишон дода мешавад. Дар ин мавридҳо гипотеза ба тариқи фарзия дар назар дошта мешавад.

Гипотеза се намуд дорад:

  • одӣ (як шартро пешбинӣ мекунад),
  • мураккаб (ду ва зиёда шартро якбора талаб мекунад),
  • алтернативӣ (меъёр дар сурати будани яке аз шартҳои пешбинишуда амалӣ мегардад).[1]

Эзоҳ вироиш

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М. А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 126