Глобуси осмон — кураест, ки дар он дар тӯри координатаҳои истивоӣ (экваторӣ) эклиптика, ситораҳои Роҳи Каҳкашон, галактика нишон дода шудаанд.

Глобуси осмон ба ду ҳалқаи ба ҳам амудии ба дараҷаҳо тақсимшуда, ки хатҳои уфуқ ва меридианро тасвир мекунанд, насб шудааст. Меҳвари ҳаракати глобуси осмонро дар ҳар кунҷ нисбат ба ҳамвории ҳалқаи уфуқӣ ҷойгир кардан мумкин аст. Бо ин роҳ глобуси осмон тавре ҷойгир карда мешавад, ки вазъи кураи осмонро дар вақту мавзеи муайян нишон дода тавонад. Тавассути глобуси осмон масъалаҳои астрономияи куравиро, ки ба ҳаракати солонаву шабонарӯзии Замин вобастаанд, ҳал мекунанд, инчунин вақти тулӯъ ва ғуруби ҷирмҳои кайҳонӣ ва азимути онҳоро муайян менамоянд. Яке аз намудҳои глобуси осмон кураи армиллярӣ аст, ки то асри 16 истифода мешуд.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш