Гобеле́н (фр. gobelin) — як навъи ҳунари ороиши амалӣ; қолин — мусаввараи дастибофти бепат, ки барои ороиши девор, дару тиреза, пӯшидани рӯи асосия (мебел)-и хона истифода мешавад.

Соли 1662 дар ноҳияи Сен-Марсели Фаронса бо мадади Людовики XIV Мануфактураи шоҳонаи қолинҳои суратдори бародарон Гобеленҳо (рангмолони авлодӣ) ташкил карда шуд ва қолинҳое, ки ин корхона истеҳсол мекард, гобелен ном гирифтанд. Корхонаи мазкур ҳоло ҳам вуҷуд дорад. Гобеленро бо нахҳои абрешимӣ ва пашмини рангоранг, инчунин, риштаҳои зарандуд ё нуқрагӣ дар дастгоҳҳои махсус мебофтанд. Гобелен баъзан аз рӯи мусаввараҳои рассомони маъруф таҳия мегардид. Бофанда пуди матоъро аз тариқи асоси он бо бар ҳам печидан, ҳамзамон тасвир ва худи матоъро низ мебофт. Арзиши бадеии гобелен дар асрҳои 17-18 то дараҷае баланд гардид, ки корхонаҳои қолинбофии Фаронса, чандин мамлакатҳои Аврупои Ғарбӣ қолинҳояшонро гобелен номиданд. Дар асри 19 шуҳрати гобелен паст шуд, вале аз соли 1930 боз рӯ ба тараққӣ овард. Ҳоло гобелен бо усули механикӣ истеҳсол карда мешавад. Дар айни замон барои дастӣ тайёр кардани гобелен маводди гуногун истифода мешавад: нахҳои сунъӣ, синтетикӣ ва камтар нахҳои табиӣ. Техникаи бофти гобелен хеле заҳматталаб аст, як усто метавонад дар як сол тақр. 1-1,5 м2 гобелен тайёр намояд. Дар Тоҷикистон низ санъати гобелен роиҷ аст. М. Қурбонов, Д. Абдусамадов, М. Носирова аввалин устодони ин навъи ҳунар дар Тоҷикистон буда, дар ташкил намудани шуъбаи гобелен дар Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов ва тайёр кардани шогирдон дар ин соҳа саҳм гузоштаанд. Асарҳои офаридаи дастпарварони ин шӯъба пайваста дар намоишгоҳҳои рассомӣ ба намоиш гузошта мешаванд.

ЭзоҳВироиш

АдабиётВироиш

  • Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ. 1. Д., 1988;
  • Луғати русӣ-тоҷикии истилоҳоти санъат. Д., 2003;
  • Новая Российская Энциклопедия. Т. IV (2). М., 2008.

СарчашмаВироиш