Гови швисии зебумонанд

Унсури холии Викидода

Гови швисии зебумонанд — зоти нави гов буда, дар тӯли тақрибан 50 сол (1937—1985) аз ҷониби олимони ҷумҳурӣ бо роҳи интихоб ва ҷуфт кардани модаговҳои ҷойдории зебумонанд ва буққаҳои зоти гови швисӣ ба вуҷуд оварда шудааст.

Барои пайдо намудани зоти мазкур се давра зарур буд. Дар давраи аввал (солҳои 1937—1947) модаговҳои ҷойдории зебумонанд бо буққаҳои зоти швитсӣ ҷуфт карда шуданд. Дар давраи дуввум (солҳои 1948-56) диққати асосӣ ба парвою нигоҳубини гӯсолаҳои дурага ва санҷиши онҳо равон гардида буд. Муқаррар шуд, ки барои пайдо кардани зоти нав дурагаҳои насли 2 ва 3 бештар мувофиқанд. Давраи севвуми ба вуҷуд овардани зоти швисии зебумонанд (аз соли 1956 то имрӯз) интихоби ҷинси говҳои хушсифат, омӯзиши аломатҳои биологӣ, ба вуҷуд овардани авлоду оилаҳои нав, ташкили подаву фермаҳои зотпарварӣ, таҳияи феҳристи буққаҳо, китоби давлатии зот буд. Соли 1985 швисии зебумонанд ҳамчун зоти нави гови тоҷикӣ расман тасдиқ гашт. Онро асосан дар ноҳияҳои ҷанубии ҷумҳурӣ мепарваранд. Ба шароити иқлими гарму хушки ҷумҳурӣ мутобиқ аст. Рангаш бештар бӯр, сиёҳтоб ё тира мешавад. Аз ҳар сар модагови швисии зебумонанд соле 3500-4000 (равғанокиаш 3,9-4,1 %) ва дар сурати муҳайё сохтани ғизои хушсифату фаровон то 5000-6000 кг шир медӯшанд. Вазни зиндаи ҷавонаҳои яксола — 230, буққаҳо — 260 (дар 18-моҳагӣ мутобиқан 330—450), модаговҳо — 550 ва буққаҳои наслафзо то 800 кг мешавад. Таҷрибаҳо собит намуданд, ки швисии зебумонанд ба шароити иқлим нағз мутобиқ гашта, ба гармо ва ҳар гуна касалиҳо, хусусан лейкоз, тобовар аст. Гӯшти хушсифат низ дорад. Дар хоҷагиҳои зотпарварӣ ҷавонаҳои швисии зебумонанд дар як шаборӯз 700—800 г фарбеҳ мешаванд.

Гови швисии зебумонанд асосан дар з-ди зотпарварии «Тоҷикистон»-и ноҳияи Қумсангир, хоҷагиҳои ба номи Н. Бегови ноҳияи Ҷалолуддини Румӣ, ба номи Э. Сатторови ноҳияи Ҷилликӯл, «Кӯлоб»-и ноҳияи Вахш ва хоҷагии зотпарварии «Баракат»-и ноҳияи Ҳисор парвариш карда мешавад. Соли 2013 дар ҷумҳурӣ 34,0 ҳазор сар швисии зебумонанд мавҷуд буд.

Нигаред низ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Гови швиции зебумонанд // Гавҳарак — Ирланд. — Д. : СИЭСТ, 1980. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 2).
  • Доброхотов А. Б. Частная зоотехния. Л., 1959;
  • Дмитриев Н. Г. Породы скота по странам мира. Л., 1978;
  • Арзуманян Е. А. Скотоводство. М., 1980;
  • Аҳмадалиев Н. Сершир кардани модаговҳо дар иқлими гарм. Д., 1988;
  • Аҳмадалиев Н. Основные этапы и итоги научных исследований по молочному скотоводству. Д., 2000;
  • Арзуманян Е. А. Животноводство. М., 2007.

Сарчашма вироиш