Голдспур — навъи себ. Аслан аз шаҳри Лувиломи иёлати Вашингтон (ИМА) аст.

Голдспур
Нигора
Рамзи каталог Lua error in Модул:Wikidata at line 301: Функция для отображения значения не найдена..
 Парвандаҳо дар Викианбор

Дар ИМА, Канада, баъзе давлатҳои Аврупои Ғарбӣ дучор меояд. Дарахташ сершохубарги аҳромшакл, сустсабз. Навдаҳояш ғафси дорчинранг. Баргаш калони ғафс, дарозрӯя, нӯгаш хамидаи заврақчашакл. Гулаш миёнаҳаҷми хушбӯй, 5-6-тоӣ дар тӯдагул ҷой гирифтааст; гулбаргҳояш дарозрӯя, сафеди гулобӣ, охири апрел мешукуфад. Бо гарди гули навъҳои себи Голден делишес, Корей, Ҷонатан, Ред делишес гардолуд мешавад. Мевааш миёна ё калон (130—160 г), дарози махрутшакл, пӯсташ андак ғафс, дурушт, ҷилодори зард, мағзаш зарди кушод, нарми сероб, нордони хушбӯй; мевадумчааш дарози борик. Меваашро то моҳи май нигоҳ доштан мумкин; барои ба ҷойҳои дур кашондан мувофиқ аст. Ниҳолашро аз рӯи тартиби 6х4-5 м дар заминҳои ҳосилхези обшор мешинонанд. Ҳангоми норасоии об мевааш майдаи бесифат мешавад. Соли 3-4-уми шинондан самар медиҳад. Аз ҳар га себзораш 280—320 сентнер ҳосил мегиранд. Дарахташ сармобардор нест; аз касалии тосак ва гарда зарар мебинад.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Урунов Ф. У. Спуровые сорта яблони//Сельское хозяйство Таджикистана № 5. Д., 1979;
  • Помология Узбекистана. Ташкент, 1983; Рекомендации по возделыванию садов в Таджикской ССР. Д., 1984;
  • Каталог районированных сортов плодовых, ягодных культур и винограда. М., 1985.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш