Гу Шоу Чинг

(Тағйири масир аз Го Шоу-Дзин)

Гу Шоу Чинг (чинии 郭守敬, пинйин: Guō Shǒujìng; 1231[1], Шингтой[d], имперотурии Муғул[d]1316[2], Хонболиқ[d]) — риёзидон, муҳандиси соҳаи обёрӣ ва ахтаршиноси Чин, яке аз таъсисгарони мактаби махсуси алгебраи Чин, ки дастоварди асосии он таҳияи усули ададии ҳалли муодилаҳои дараҷаҳояшон олӣ буд.

Гу Шоу Чинг
чинӣ: 郭守敬
Таърихи таваллуд 1231[1]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 1316[2]
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ гоҳшуморӣ
Ҷойҳои кор
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома вироиш

Дар дарбори императори Чин вазифаҳои ситорашинос ва нозири иншоотҳои обёрикунандаро ишғол намуда, узви палатаи олимон буд. Бо лоиҳаи Гу Шоу Чинг расадхонаи нави Чжоугун (дорои утсурлоби офтобии баландиаш 12,8 м) сохта шуда буд. Ӯ 13 асбоби астрономӣ (мас., зовиясанҷи эклиптикӣ, квадрантҳо, глобусҳои осмонӣ ва ғ.) сохтааст. Гу Шоу Чинг муаллифи «Шоу-ши-ли ва сзин» мебошад, ки дар он тақвими «Шоу-ши-ли»-ро тартиб додааст. Тақвим дар солҳои 1281—1367 истифода мегардид. Мутобиқи тақвими мазкур як сол ба 365,2425 шабонарӯз баробар буда, бо тақвими григориании муосир мувофиқат мекунад. Гу Шоу Чинг бо тригонометрияи куравӣ низ машғул шудааст.

Соли 1970 бо қарори Иттиҳодияи байналмилалии астрономӣ ба танӯраи тарафи нонамоёни Моҳ номи Гу Шоу Чинг дода шуд.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш